Имрӯз, 5-уми ноябр Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе 90-сола шуд. Мо бо шароити имрӯзаи он: таъмини бехатарӣ ва назорати парвози ҳавопаймо аз наздик шинос шудем.

Аз лиҳози мусофиркашонӣ фурудгоҳи Душанбе дар Осиёи Марказӣ зинаи 6-умро ишғол мекунад: дар як сол ин нишондод наздики 1,5 млн. нафар аст.

“Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна ба 15 хатсайр хизмат мерасонад. Дар ин самт барои мо ду омил хеле муҳим аст: аввал, амнияти парвозу мусофирон ва дуюм, хизматрасонӣ дар сатҳи баланд ба мардум”, - гуфт котиби матбуотии фурудгоҳ Ҷамила Ҳусейнова.

Давоми панҷ соли охир фурудгоҳ хеле дигаргун шуд. Дар он терминали муосир ба истифода дода шуд, ки дар як соат то ба 500 нафар мусофирон хизмат мерасонад.

Моҳи октябри соли равон дар гузаргоҳҳои назоратӣ 13 монитори ошкор кардани маводи радиатсионӣ насб шуд.

Қабл аз он – моҳи июн дар ин ҷо нуқтаи нави аэронавигатсионии танзим ва назорат (диспетчерӣ) ба кор даромад, ки манорааш 42 метр буда, аз пешина баланду калонтар аст. Ин дили фурудгоҳ аст, ки ҳамаи парвозҳо аз ҳамин ҷо назорату танзим мешавад.

“Мо соҳибони фазои Тоҷикистонем. Чизе, ки аз болои он мегузарад, мо мебинему назорат мекунем”, - мегӯяд авиадиспетчер Нодир Одилов, ки қариб 40 сол дар ин вазифа кор мекунад.

Аз фазои Тоҷикистон 45 роҳи ҳавоӣ мегузарад. Якчанд ҳавопаймо дар як вақт аз фазои он убур карда метавонанд. Ин бе таҷҳизоти муосир хатарнок аст.

“Монитори ARM Master барои назорати вазъи фазо лозим аст, - ҷойи кори худро нишон медиҳад Одилов. - Рӯйи он  мавқеи ҳавопаймоҳо дар фазо инъикос мешавад. Айни замон шумо дида метавонед, ки ҳавопаймои Қазоқистон фуруд меояд. Он аз Файзобод гузашта, ба самти фурудгоҳи Душанбе равона аст”.

“Мо як нуқтаи ба истилоҳ ВАДЕР дорем – он дар 200 километрии шимолу шарқи Душанбе, дар ҷоест, ки он сарҳади фазоии қабулу гусели ҳавопаймо барои диспетчерҳои Тоҷикистону Қирғизистон мебошад, - иброз медорад Одилов. - Ана аз ҳамин ҳудуд диспетчери мо то ба замин нишастани ҳавопаймо идораи парвози онро зери назорат мегирад. Агар бо ягон сабаб, масалан, банд будани хати нишаст ягон ҳавопаймо фуруд омада натавонад, барои ин мо минтақаҳои интизорӣ дорем, ки бо дастури диспетчер ҳавопаймои дигар то вақти таъиншуда ба он ҷо фиристода мешавад. Аммо диспетчерҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳавопайморо ба он минтақа нафиристода, хати фуруду парвозро пешакӣ озод кунанд”.

Бо фарорасии фасли зимистон ҳаҷми кори диспетчерҳо бамаротиб меафзояд. Лекин маҳз дар ҳамон лаҳзаҳо, ки мавсими дӯстдоштаи онҳост, муҳим будани кори худро эҳсос мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.