Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) 15-уми декабр дар Душанбе доир мегардад. Ҳудуди 100 нафар вакилон аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ба анҷуман интихоб мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода хабар дод.

“Охири моҳи феврал интихобот доир гардида, мо ният дорем, ки дар палатаи поёнии парлумони кишвар бо шумори 5 нафар фраксияи худро таъсис диҳем”, - изҳор дошт Усмонзода.

Ӯ қайд кард, ки тибқи рӯйхати ҳизбӣ ҲДТ на камтар аз 10 номзад ва дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ низ ҳамин шумор номзадҳоро ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон пешбарӣ карданист.

“Талаботи асосӣ ба номзадҳо аз ҲДТ ватандӯстӣ, қобилияти шунидани мушкили интихобкунандагон ва ба ҳукуматдорон расонидани он, ҳамчунин сиёсатмадоре будан аст, ки бо виҷдони пок манфиатҳои миллиро ҳимоя карда тавонад”, - гуфт раиси ҲДТ.

Миёни аҳзоби сиёсии Тоҷикистон то ҳол танҳо ҲДТ рӯзи баргузории анҷумани пешазинтихоботиро муайян кард.

Як манбаи “Азия-Плюс” дар Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ даҳаи аввали моҳи декабри соли ҷорӣ муайян карда мешавад.

“Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, аввали моҳи декабр, яъне 90 рӯз пеш аз баргузории интихобот ба парлумон президенти кишвар расман санаи дақиқи онро эълон карда, то 75 рӯз пеш аз интихобот ҳизбҳои сиёсӣ уҳдадоранд, анҷуманҳои пешазинтихоботии худро гузаронанд”, - гуфт манбаъ аз ҲХДТ.

Замони дақиқи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботиро коммунистони Тоҷикистон, Ҳизбҳои сотсиалистӣ ва Сотсиал-демократӣ, Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ то ҳол муайян накардаанд.

Тибқи қонунгузории интихоботии кишвар, 22 нафар аз 63 вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ, ки дар анҷумани пешазинтихоботӣ тасдиқ шудааст, ба Маҷлиси намояндагон интихоб мешаванд. 41 вакили палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.