Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон кард. Ба Кумита 75 нафар кормадони нав лозиманд.

Дар эълони сомонаи Кумита қайд мешавад, ки вазифаҳо дар дастгоҳи марказии кумита ва ҳамчунин раёсатҳои андоз дар ВМКБ ва нозироти андоз дар чанде аз шаҳру ноҳияҳо холиянд.

Аз ҷумла, Кумита ба 7 корманд дар Маркази коркарди маълумот ва роҳбари ин Марказ ниёз дорад.

Ба ҷузз ин, барои кор дар Раёсати андози ВМКБ ва идораҳои нозироти андоз дар шаҳрҳои Хоруғ, Роғун, Ваҳдат, Ҳисор ва Турсунзода, ҳамчунин ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Сангвор, Файзобод, Варзоб, Рӯдакӣ ва Шаҳринав мутахассисон заруранд.

Моҳи майи соли ҷорӣ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо кормандони мақомоти андозу гумрук ва молияву бонкдорӣ изҳор дошт, ки раҳбарияти Кумитаи андоз афзоиши шумори кормандонашро пешниҳод кардааст.

Ба гуфтаи президент, ин пешниҳод бо норасоии қувваи корӣ асоснок карда шуд, чунки замоне буҷет 400 млн. сомонӣ ва акнун 24 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

“Баръакс, шумори кормандонро кам кардан лозим аст. Бо низоми нави рақамӣ пеш рафтан зарур аст. Ба кор бо усули кӯҳна хотима додан даркор аст”, - гуфта буд сарвари давлат.

Маош аз 56 то 205 доллар

Дар ҳамин ҳол, зери эълони Кумитаи андоз ҳаҷми музди меҳнати кормандон бе назардошти собиқаи хизмати давлатӣ нашр шудааст.

Музди меҳнати баландтарин барои сардори раёсат дар дастгоҳи марказӣ 1983 сомонӣ (наздики 205 доллар) ва пасттарин барои мутахассисони нозироти андози ноҳияҳо 546 сомонӣ (56 доллар) пешбинӣ шудааст.

Намояндагони ВАО чандин маротиба ба он таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд, ки бо ин гуна маоши паст кормандони мақомоти андоз барои худ мошинҳои гаронарзиш мехаранд.

Зимни посух ба чунин суолҳо дар нишастҳои хабарӣ раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода аз ҷумла зикр мекард, ки аксари мошинҳои аз хориҷа воридшуда кӯҳна буда, гаронарзиш нестанд.

Ба ғайр аз ин, таъкид мекард ӯ, на ҳамаи мошинҳои назди Кумитаи андоз гузошта ба кормандони он тааллуқ доранд ва дар ин ҷо мошинҳои дигар корафтодагон низ гузошта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.