Собиқадори ҷангу меҳнат, охирин иштирокчии марди Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Хуҷанд Қориҷон Аҳмадов дар синни 98-солагӣ аз олам даргузашт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, марҳум дар синни 18-солагӣ баробари ҳазорон тоҷикистонӣ ба фронт сафарбар шуда буд. Дар майдони ҷанг борҳо ҷароҳат бардошта, дар госпиталҳои ҳарбӣ табобат гирифтааст. Ӯ дар муҳорибаи пуршиддати Сталинград ва озодкунии шаҳрҳои Киев, Житомир, Ҷумҳуриҳои Чехословакия, Полша ва Австрия иштирок кардааст.

Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ як иштирокчии зани ҶБВ боқӣ мондааст, ки Малина Рабича ном дорад. Аз миёни мардон собиқадори охирин Қориҷон Аҳмадов буд.

Солҳои 1941-1945 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Хуҷанд 12 ҳазор кас иштирок карда, аз ин шумор 1540 нафарашон беному нишон шудаанд. Аз ин шаҳр 2 нафар дорандаи унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ ва 2 нафар дорандаи ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» мебошанд.

Субҳи имрӯз раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ба пайвандони марҳум арзи таслияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро расонд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.