Маҳсули эҷоди коргардони тоҷик Диловар Султонӣ дар ду Ҷашнвораи ҷаҳонии филмҳои кӯтоҳ ширкат меварзад.

Филми “Бункер” дар 37-умин фестивали байнулмилалии “Экс-ан-Прованс” бо офаридаҳои филмбардорони Олмон, Юнон, Лаҳистон, Портуғол, Белжик, Эрон, Бритониёи Кабир, Ҳоланд ва Румин рақобат хоҳад кард. Ҷашнвораи мазкур рӯзҳои 3-7 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Экс-ан-Прованси Фаронса баргузор шуда, беш аз 45 филми кӯтоҳ дар он намоиш дода мешаванд.

Бино ба иттилои “Тоҷикфилм”, ҳамчунин дар барномаи 15-умин фестивали байнулмилалии филмҳои кӯтоҳ ва мустақили “ISIFF”, ки рӯзҳои 7- 13 декабр дар пойтахти Бангладеш – шаҳри Дакка баргузор мешавад, филми “Бункер”-ро қабул кардаанд.

Ин филмномаи коргардони тоҷик аз ҳаёти воқеӣ навишта шудааст. Дар он зиндагии наврасе бо номи Муҳаммад қисса мешавад, ки ҳамсабақонаш бо нияти шӯхӣ ӯро дар бункер маҳкам мекунанд. Аммо ҳамсинфон аз пайгирии волидайни Муҳаммад тарсида, дар куҷо будани ӯро ба касе намегӯянд. Муҳаммади худрсол аз торикӣ ва садоҳои хашини қубури бункер ба даҳшат меафтад. Идомаи қиссаро бинанда аз тамошои филм мефаҳмад, ки тақдири ӯ дар он зулмот ва макони касногузар чӣ мешавад? Дар баробари ин, тамошобин сайри Душанбеи солҳои 60-уми асри гузашта мекунад.

Муаллифи филмнома ва коргардони он Диловар Султонӣ буда, оҳангсоз Далер Назаров, рассом Далер Миҳтоҷов ва наворбардор Акмал Восидӣ мебошанд. Филми “Бункер” дар жанри драма таҳия шуда, дар он Исфандиёр Ғуломов, Муҳсин Султонӣ, Аъзам Қараев, Манучеҳр Розиқов ва Самир Зайдуллоев нақш офаридаанд. Ҳаҷми филм 26 дақиқа буда, он дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” соли 2019 рӯйи навор омадааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.