Мақомоти шаҳрдории Душанбе хеле ҷиддӣ ба корҳои зебу ороиши пойтахт машғуланд. Чанде пеш дар маркази шаҳр ҳайкали ҳайвонот аз пластики сабз гузошта шуд. Ба назар мерасад, он ба шаҳриён писанд омада, дар партави он сокинон селфи мегиранд.

Илова бар ин, муҷассамаҳои гуногун акнун қариб ҳамаи кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро зеб медиҳанд. Дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиtв ва кӯчаи Ҷаббор Расулов метавон ҳайкали зарфҳои миллӣ – кӯзаву чойник, пиёлаву табақ ва ғайраро мушоҳида кард.

Ба ғайр аз ин, дар байни роҳу дигар мавзеъҳои шаҳр ҳайкалҳои зиёди ҳайвоноти гуногун – гавазн, паланг, буз ва ғайра гузошта шудааст.

Тамоми шаҳрро тай кардем, то ки бароятон ороиши пойтахтро намоиш диҳем.

1/26

Оё ба шумо ҳам писанд омад?

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.