Нахуст ба таври озмоишӣ дар ҷодаҳои Душанбе 3 модели мусофиркашҳои хурд равуо мекунанд. Сипас он навъи микроавтобус васлу насб хоҳад шуд, ки бештар ба сокинону меҳмонони пойтахт писанд меояд.

Бо супориши раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия Akia Avesto Automotive Industry, ки ба васлу насб ва истеҳсоли автобусҳои туркии тамғаи AKIA машғул аст, то охири соли равон васлу насби мусофиркашҳои хурдро ба роҳ мемонад.

Сарвари иҷроияи ҶДММ «Авесто Групп» Зафар Бурҳонзода имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ изҳор дошт, ки аллакай 3 модели тайёри микроавтобусҳо ба шаҳри Душанбе оварда шудаанд. Онҳо ба таври озмоишӣ дар яке аз хатсайрҳои пойтахт ҳаракат мекунанд. Сипас дар корхона васлу насби силсилавии он навъи мусофиркаши хурд шурӯъ мешавад, ки бештар ба сокинону меҳмонони пойтахт писанд меояд. 

Вай афзуд, ки ин ширкат аз оғози сол то моҳи ноябр 72 автобуси тамғаи AKIA истеҳсол кардааст ва то охири сол теъдоди онҳоро ба 100 адад мерасонад.

Марбут ба ин масъала як манбаи огоҳи “Азия-Плюс” дар шаҳрдории Душанбе хабар дод, ки айни замон тақрибан 1 ҳазору 300 микроавтобус ҳамарӯза ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд, ки асосан тамғаи “Мерседес” мебошанд.

Мақомоти шаҳрдорӣ ният дорад, ки онҳоро тадриҷан ба микроавтобусҳои истеҳсоли ватанӣ иваз кунад, аммо барои ин ҳадди ақал наздики 10 сол лозим аст.

Ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия Akia Avesto Automotive Industry моҳи январи соли 2018 таъсис шудааст. Он мувофиқи созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон, ҶДММ “Авесто Групп” ва ширкати туркии Ulasim IC YE DIS TICARET Anonim Sirketi ба корҳои васлу насб ва истеҳсоли автобусҳои тамғаи AKIA машғул аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.