Аз 23 то 25 ноябр дар шаҳри Душанбе Фестивали 13-уми байнулмилалии ҳунар ва мӯди «Диёри ҳусн» баргузор мешавад. Дар он тарроҳону устоҳо ва ҳунармандону косибон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистону Афғонистон ширкат меварзанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси Бунёди байнулмилалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон – «Ҳафт пайкар» ва Ассотсиатсияи ҳунармандони Осиёи Марказӣ Мукаррама Қаюмова хабар дод, дар доираи фестивал баргузории машғулитятҳо оид ба касбу ҳунар низ ба нақша гирифта шудааст.

Баргузории фестивал дар муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” пешбинӣ мешавад. Дар фестивал маҷмӯи васеи маснуоти гуногун, аз ҷумла, сӯзанӣ, маснуоти чӯбь, заргарӣ ва кулолӣ, сарулибосу зарфҳои миллӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ин фестивал ба таври густарда доир мегардад. Ҳадафи он дастгирии тиҷорати хурду миёна, аз ҷумла, рушди косибӣ ва ҷалби аҳолии маҳаллӣ, ҷавонону занон ба фаъолияти соҳибкорӣ унвон мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.