Як ҳафта пеш дар ҶСК “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” изҳор дошта буданд, ки корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар шабакаҳои шаҳр ба анҷом расида, дигар барқ хомӯш намешавад.

Бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ рӯзи 14-уми ноябр аз соати 09:00 то 16:00 дар як қисми  кӯчаҳои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт: маҳаллаҳои  Чағатай, Армуғон ва  Шафақ интиқоли барқ қатъ мешавад.

Дар торнамои расмии корхона гуфта мешавад, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ, дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст  карда мешавад.

Расо як ҳафта пеш энергетикҳои пойтахт итминон дода буданд, ки корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар шабакаҳои шаҳр дигар то фасли баҳор гузаронида намешаванд ва танҳо дар ҳолатҳои садама дар шабакаҳо интиқоли нерӯи барқ қатъ мешавад.

Агар интиқоли барқ ба манзили шумо қатъ шавад, метавонед ба телефони боварии 221 66 18 занг занед.

Телефони маркази танзим (диспетчерӣ)-и “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” – 227 27 27.

Телефонҳои маркази танзими шабакаҳои барқи ноҳияҳои пойтахт:

Исмоили Сомонӣ – 227 27 23

Шоҳмансур – 227 27 21

Фирдавсӣ – 234 86 05

Сино – 236 33 19.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.