Дар Осиё рӯйхати 100 нафар зеботарин духтарони қора дар соли 2019 пешкаши ҳамагон гардид. Онро портали фароғатии TCCAsia нашр кард. Рейтинг аз ҳунармандону актёрон, сароянда ва дигар ходимони фарҳанг иборат аст.

Дар садри феҳрист зодаи Таиланд Лалиса Манобан (Lisa) - овозхони 22-сола, рэпсаро, модел, раққоса ва узви гурӯҳи маъруфи Blackpink-и Кореяи Ҷанубӣ қарор дорад.

Lisa
Pinterest

Зинаи дуюмро сарояндаи Ҷопон Сакура Мияваки ишғол кардааст.

Сакура
korea24.info

Мақоми сеюмро ба боз як овозхони кореягии гурӯҳи Blackpink Ҷенни Ким муносиб донистааанд.

Ҷенни Ким
Wattpad

Ба ҷойи чорум ҳунарманд (актриса)-и Чин Анҷела Ян Ин (Angela Baby) сазовор гардидааст.

Angela Baby
Doramakun.ru

Дар зинаи 16-ум ҳунарманди Исроил Гал Гадот низ зикр шудааст, ки баъди нақшофарӣ дар филмҳои «Чудо-женщины» ва «Лиги справедливости» маъруфият касб кард.

Гал Гадот
Amino Apps

Актёр аз Чин Сяо Чжан зеботарин ҷавони Осиё эътироф шудааст.

Сяо Чжан
Pinterest

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.