Пойтахти Ӯзбекистон ба феҳристи шаҳрҳои ҳавояшон ифлостарини ҷаҳон шомил шуда, дар зинаи 4-уми он қарор гирифтааст. Дар феҳристи шаҳрҳо аз рӯйи сифати ҳаво ва ифлосии атмосфера Тоҷикистон ҳузур надорад.

Мувофиқи индекси сифати обуҳаво, ки дар AirVisual нашр шудааст, аз 30 шаҳри ифлостарини дунё 22-тоаш дар Ҳиндустон ҷойгир аст. Пешсафи рӯйхат шаҳри Деҳлӣ мебошад, ки дар он 19 млн. нафар зиндагӣ мекунанд.

Дар даҳгонаи шаҳрҳои ҳавояш ифлостарин Лоҳур (Покистон), Доҳа (Бангладеш), Тошканд (Ӯзбекистон), Ханой (Ветнам), Калкутта (Ҳиндустон), Ҷакарта (Индонезия), Мумбай (Ҳиндустон), Хо Ши Мин (Ветнам) ва Теҳрон (Эрон) зикр шудаанд. Шаҳрҳои Тоҷикистон дар рӯйхат нестанд.

Тибқи арзёбии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола дар саросари ҷаҳон бар асари ифлосии обуҳаво 7 млн. нафар бармаҳал ҳалок мешаванд. Бонки ҷаҳонӣ баршумурдааст, ки аз сабаби камшавии қувваи корӣ иқтисоди ҷаҳон $225 млрд. талаф медиҳад.

Дар рейтинги соли 2018 (моҳи март нашр шуд) Ӯзбекистон дар сафи 20 кишваре қарор гирифт, ки дар он сатҳи ифлосии обуҳаво нисбатан баланд аст. Он замон Ӯзбекистон зинаи 16-умро ишғол карда буд.

Қобили зикр аст, ки акнун тариқи онлайн метавон сифати обуҳаворо дар Душанбе пайгирӣ кард. Тобистони соли равон дар сафорати ИМА бо мақсади назорати сифати обуҳаво ва санҷиши чӣ миқдор дар таркиби он ҷой доштани зарраҳои сахт (шахшуда) дастгоҳи махсус гузоштанд.

Маълумот дар бораи сифати обуҳаво акнун барои истифодаи олимону муҳаққиқон, ҳукумат ва аҳли ҷомеаи Тоҷикистон дар сомонаи www.airnow.gov қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.