Давлатеро бо аҳолии 10 миллион нафар тасаввур кунед, ки дар харитаи ҷаҳон ҷойе қайд нашуда, гӯё вуҷуд надорад. Айни замон расо ҳамин қадар одамон дар саросари дунё ҳолати “бешаҳрвандӣ” доранд.

Онҳо дар воқеият вуҷуд дошта, аз ҷониби кишваре эътироф нашудаанд. Шахсони бешаҳрвандӣ гӯё “шахсони ноаён” дар канори ҷомеа, байни камбизоатон ва осебпазирон монда, ҳамарӯза дучори поймолкунии ҳуқуқу озодиҳояшон мешаванд.

Бешаҳрвандӣ аз насл ба насл, аз волидон ба фарзандон боқӣ монда, раҳоӣ аз фазои беҳуқуқиро боз ҳам душвортар месозад.

“Бинобар сабаби надоштани ҳуҷҷат аллакай 19 сол инҷониб наметавонам ба Ӯзбекистон равам, то ки ба дидори бародарону хоҳарон расида, хонаи падарамро боз бубинам. Дар ин муддат бародарам ва баъдан модарам аз олам даргузаштанд. Ман дар маросими дафни онҳо иштирок карда натавонистам...”, - гуфт Зайнаб ва ашки чашмонашро бо гӯшаи рӯймол тоза кард.

Равоншинос будан шарт нест, то ки дарди аслии ҳаёти ин занро эҳсос бикунӣ.

Зодаи вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон, Зайнаби 46-сола соли 1992 ба шавҳар баромада, ба хонаи шавҳараш дар ноҳияи наздисарҳадии Турсунзодаи Тоҷикистон кӯчид.

Он замон Зайнаб зарфи ним соат пиёда то хонаи падариаш мерасид, лекин баъдан вазъи ҳуқуқӣ ҷиҳати нигоҳ доштани муносибатҳои хешутаборӣ дар Ӯзбекистон барояш садди рафънопазир шуд.

Чунин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон кам нестанд. Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, никоҳҳои байни миллатҳо дар ноҳияҳои наздимарзӣ, аломатгузорӣ дар сарҳад, мухолифат дар қонунгузории кишварҳои ҳамсоя – собиқ ҷумҳурияҳои шӯравӣ – падидаи бешаҳрвандиро рӯйи кор овард. Ин ҳолатест, ки ҳеҷ яке аз давлатҳо шахсро шаҳрванди худ эътироф намекунад.


Миқёси воқеии бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон то ҳол омӯхта нашудааст, аммо ташаббусҳои муштараки Ҳукумати ҶТ ва Агентии СММ оид ба умури паноҳандагон дар бораи густарда будани ин мушкилот дар кишвар гувоҳӣ медиҳад.

“Соли 2000-ум шиносномаи шӯравии худро ба шиносномаи шаҳрванди Ӯзбекистон иваз кардам. Ҳамзамон худро аз қайди Ӯзбекистон бароварда, мақсад доштам, ки дар ҷойи иқомати доимиям ба қайд мемонам. Ҳамон сол зимни убури сарҳад шиносномаам гум шуд. Ҳамаи талошҳои пайвандонам ҷиҳати барқарор кардани шиноснома дар Ӯзбекистон бенатиҷа анҷом ёфтанд, зеро ман худро аз қайд бароварда, дигар сокини ватанам ҳисоб намеёфтам”, - нақл мекунад Зайнаб.

Зан ҳамин тариқ дучори мушкили ҳуқуқии байни ду кишвар гардид.

Мувофиқи маълумоти Агентии СММ оид ба умури паноҳандагон, байни шахсони шаҳрвандиашон номуайян дар Тоҷикистон дорандагони шиносномаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, шахсони дорои шаҳодатномаи таваллуд, ки дар замони шӯравӣ дода шудааст ва ашхосе, ки қаблан ягон бор ҳуҷҷатҳои шахсият нагирифтаанд, вуҷуд доранд.

“Ҳолатҳои душвор”-и марбут ба шахсони дорои шиносномаҳои муҳлаташон гузашта ё қалбакӣ, шаҳодатномаҳои шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар кишварҳои хориҷӣ дода шудаанд (бештар дар Ӯзбекистон), ба мисли ҳолати Зайнаб, категорияи ҷудогона буда, айни замон роҳи ҳалли ҳуқуқӣ надорад.

Камбудиҳои мавҷуда дар қонунгузорӣ ба ин шахсон имкон намедиҳанд, ки мақоми худро танзим ва иқомати худро дар кишвар қонунӣ кунанд. Дар навбати худ ин ҳолатҳо ба зарурати тағйирот дар қонунгузорӣ ишора мекунанд.

Мувофиқи қонунгузории Ӯзбекистон, барои иқомати сесола берун аз ҳудуди кишвар бе гузоштан ба қайди консулгарӣ дар намояндагиҳои дипломатии ин ҷумҳурӣ дар хориҷа, одамон метавонанд аз шаҳрвандӣ маҳрум шаванд.

Агар ба муқаррароти қонун нигарем, аксари одамони дар ҳолати Зайнаб қарордошта, ки хеле зиёданд, бахусус дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Ӯзбекистон, амалан шаҳрвандии пештараи худро аз даст додаанд.

Агар дар Қирғизистони ҳамсоя бо фармони раисҷумҳур ҳазорон “арӯсҳои ӯзбек”, ки бо шаҳрвандони ин кишвар ақди никоҳ доштанд, ба шаҳрвандии Қирғизистон қабул шуда бошанд, дар Тоҷикистон тақдири чунин занон то ҳол ҳалношуда боқӣ мемонад.


Қабули тадбирҳои махсуси қонунгузорӣ ва додани имкон ба онҳо барои муайянсозии вазъи ҳуқуқии худ роҳи ҳал дар ин масъала шуда метавонад.

“Мақомоти САҲШ бақайдгирии се фарзанди маро рад карданд, зеро аз сабаби надоштани шиносонома, онро пешниҳод карда натавонистам”, - мегӯяд Зайнаб.

Ҳамсароне, ки бо никоҳи исломӣ оиладор шудаанд, фикр накардаанд, ки бе шаҳодатномаи расмии ақди никоҳ ба чунин мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд.

Яке аз духтарони Зайнаб – Фотимаи 12-сола ду синф аз ҳамсолонаш қафо мондааст. Давоми ду сол мактаб бе шаҳодатномаи таваллуд ӯро ба таҳсил қабул накард. Шахсони бешаҳрвандӣ зимни бақайдгирии таваллуди кӯдакон, ба мактаб фиристодани онҳо, гирифтани шаҳодатномаи хатми мактаб дучори монеаҳои маъмурӣ мешаванд.

Дар қонунҳои Тоҷикистон пешниҳоди шиносномаи ҳадди ақал яке аз волидони кӯдак талаб мешавад, дар ҳолатҳои боқимонда далели таваллуд бояд дар суд исбот шавад.

Соли 2017 ҳуқуқшиносони Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ”, ки ба шахсони шаҳрвандиашон номуайян кумаки ройгони ҳуқуқӣ мерасонанд, ба ҳалли мушкилоти Зайнаб ва фарзандони ӯ пардохтанд.

Дар доираи лоиҳаи коҳиши бешаҳрвандӣ, ки аз ҷониби Агентии СММ оид ба умури паноҳандагон дастгирӣ ва дар ҳамдастӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ мешавад, беш аз 40 ҳазор нафар шахсони шаҳрвандиашон номуайян ва зери хатари бешаҳрвандӣ дар 17 ноҳияҳои ҳадафноки Тоҷикистон ошкор шуданд.

Ҳалли мушкили аксари ин шахсон бо шаҳрвандии номуайян дар доираи қонунгузории амалкунанда имкон дорад, аммо категорияҳои “душвор” ба мисли ҳолати Зайнаб қабули чораҳои махсуси қонунгузориро талаб мекунанд. Барои пешгирии ҳолатҳои нави бешаҳрвандӣ, бахусус, дар байни кӯдакон, бозбинии қонунҳо дар бораи бақайдгирии таваллуд, аз ҷумла, сабуктар кардан ва таъмини бақайдгирии универсалии таваллуд сарфи назар аз мақоми ҳуқуқӣ ва набудани ҳуҷҷатҳои волидон зарур аст.

“Орзуи бузургтарини ман гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҳадди ақал як бори дигар рафтан ба ҷойҳое мебошад, ки дар он ҷо ба дунё омадаам, дидани хонаи падар, ба оғӯш гирифтани бародарону хоҳарон, хурсандии якҷо бо онҳо дар ҷашнҳои умумӣ ва дастгири онҳо будан дар лаҳзаҳои душвор аст”, - изҳори умедворӣ мекунад Зайнаб.

Агентии СММ оид ба умури паноҳандагон соли 2014 роҳандозии маъракаи глобалии 10-соларо бобати аз байн бурдани бешаҳрвандӣ дар саросари ҷаҳон (солҳои 2014-2024) эълон кард.

Аз оғози маърака ҷумҳуриамон дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда, ба зиёда аз 35000 нафар шахсони шаҳрвандиашон номуайян шиносномаҳои Тоҷикистонро дод. Барои комилан аз байн бурдани бешаҳрвандӣ тадбиру талошҳои иловагӣ заруранд.

Хабари хуш барои Зайнаб ва ҳазорон нафар шахсони дар чунин ҳолат қарордошта: Тоҷикистон ҷиҳати ба рӯйи кор овардани чунин тадбирҳо ва ҳалли ҳолатҳои бешаҳрвандӣ изҳори омодагӣ мекунад, то ки дар соли 2024 падидаи бешаҳрвандӣ аз байн бурда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.