Аз 11 то 17 ноябри соли 2019 дар вилояти Куангнини Давлати Вйетнам дар мавзӯи “Ифтитоҳи нави муъҷизаи бузург” Ҷашнвораи ҷаҳонии ҳунари сирки Халонг-2019 баргузор гардид.  

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, дар ин ҷашнвора зиёда аз 100 ҳунарпешаи сирк аз 20 минтақа ва кишварҳои дунё ба мисли Куба, Канада, Бразилия, Олмон, Русия, Лаос, ИМА, Ҷопон ва Украина иштирок карданд.

“Боиси ифтихор аст, ки сиркбози ҷавон ва соҳибистеъдоди тоҷик Муҳаммад Шарифзода дар ҷашнвораи мазкур Тоҷикистонро муаррифӣ карда, соҳиби ҷойи сеюм ва ҷоизаи биринҷӣ гардида, обрӯйи санъату ҳунари тоҷикро дар арсаи байнулмилалӣ баланд бардошт, - омадааст дар хабар. - Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҷашнвораи мазкур сиркбози Тоҷикистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ намояндагӣ кард”.

Гуфта мешавад, Муҳаммад Шарифзода – сиркбози ҷавону умедбахши тоҷик, ки тибқи бурсия дар Омӯзишгоҳи сирки ба номи Карандаши шаҳри Москва таҳсил карда, соли 2018 пас аз хатми он дар Сирки давлатии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кардааст. Муҳаммади ҷавон аллакай дар чандин фестивалҳои байнулмилалӣ ба намояндагӣ аз Тоҷикистон ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён шудааст.

Ҷоизаи аввалинро ӯ моҳи ноябри соли 2018 дар фестивали байнулмилалии «Оянадаи сирк» дар шаҳри Лугански Ҷумҳурии Украина сазовор гардид. Доварони фестивал дар бахши эквилибрӣ байни иштирокчиёни то 20-сола аз 15 кишвари ҷаҳон ҷойи аввалро лоиқи сиркбози тоҷик дониста буданд.

Муҳаммад Шарифзода дар 8-умин Фестивали байнулмилалии сиркӣ «Фили тиллоӣ», ки аз 14 то 19 феврали соли 2019 дар шаҳри Жиронаи Испания баргузор гардид, иштирок карда, ҷоизаи махсуси доваронро ба даст овард. Дар ҷашнвораи мазкур ба ӯ бар замми ин ҷоиза боз ду тӯҳфа: Ҷоизаи махсус аз Ҷумҳурии Муғулистон ва Ҷоизаи махсус аз Федератсияи Русия супорида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.