Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!

АНОНС

- Дар доираи Ҳафтаи филмҳои русиягӣ дар кинотеатри “Зебуннисо” соти 14:30 филми «Воскресенье» ва 17:30 «Однажды в Трубчевске» намоиш дода мешавад. Тамошои филмҳо бепул аст;

- Дар толори Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоишгоҳи шахсии Ирина Дмитриева Ванн таҳти унвони «Миры и мифы Тимура Зульфикарова. Живая древность» ҷараён дорад. Намоишгоҳ аз соати 10:00 то 17:00 кор мекунад;

- Дар Бишкек байни дастаҳои мунтахаби футболи Қирғизистон ва Тоҷикистон бозии даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 доир мегардад. Вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз гардида, дар шабакаи телевизиони “Варзиш” намоиш дода мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.6967 сомонӣ;

1 евро – 10.7265 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ - 0.1517 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1935 – Нависандаи Чехия Юлиус Фучик ба Тоҷикистон ташриф овард.

1992 – Дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии ҶТ даъвати 12-ум Эмомалӣ Раҳмонов Раиси Шӯрои Олӣ – роҳбари давлат интихоб шуд.

2002 – Миёни ҳукумати ҶТ ва ширкати «Помир энержи» Сертификати ҳукми қонунӣ гирифтани Шартномаи Консессияи низоми энергетикии ВМКБ ба имзо расид.

1938 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Носирҷон Азизов.

1940-1998 – Мавлуди олим Барот Шокиров.

1942 – Зодрӯзи оҳангсоз Фирӯз Баҳор.

1951 – Мавлуди ҳунарманди театр Сабоҳат Қосимова.

1953 – Зодрӯзи овозхон Фотима Тӯраева.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тайирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с. дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 11+16° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6° хунук, рӯзона 7+12° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 13+18 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5° гарм, рӯзона 8+13° гарм мешавад.

Дар ВМКБ —  Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3+2°, рӯзона 9+14° гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 22-27° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар НТМ  — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2°, рӯзона 8+13° гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3°, рӯзона 9+14° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2° гарм, рӯзона 16+18° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тайирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3° гарм, рӯзона 13+15° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3 гарм, рӯзона 15+17° гарм мешавад.   

Дар шаҳри Хоруғ —  Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2° хунук, рӯзона 11+13° гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.