Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!

АНОНС

- Дар Душанбе нахустин анҷумани “Рушди низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мешавад. Он аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ ва Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ (PRI) созмон дода мешавад. Макони баргузорӣ: меҳмонхонаи "Ҳаятт Риҷенси Душанбе". Оғоз соати 9:00.

- Дар Душанбе-Плаза” Форуми байнулмилалии “Душанбе шаҳри имконот барои рушди кӯдакон” доир мегардад, ки ба 30-солагии қабули Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдакон бахшида шудааст. Оғози чорабинӣ соати 9:00.

Сурат: ЮНИСЕФ

- Дар доираи Ҳафтаи филмҳои русиягӣ дар кинотеатри “Зебуннисо” соати 14:30 филми “Это не навсегда” ва соати 17.30 филми ҳунарии «Керосин» намоиш дода мешавад. Тамошои филмҳо бепул аст.

 

- Дар Душанбе Ҳафтаи таҳсилоти байнулмилалӣ ҷараён дорад. Дар доираи ин чорабиӣ муассисаҳои таҳсилотӣ хоҳишмандонро бо барнома ва имкону шароитҳои таҳсил дар хориҷи кишвар шинос мекунанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.6963 сомонӣ;

1 евро – 10.7425 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ - 0.1519 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2008 — Нахустин шумораи маҷаллаи «Мигрант. tj» ба табъ расид.

2013 — Эмомалӣ Раҳмон Фармон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ»-ро ба имзо расонид, ки мутобиқи он дар низоми мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия тағйирооти сохторӣ пешбинӣ мешавад.

1908 – Зодрӯзи олими шарқшинос (филолог), академики АИ Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон Абдулғанӣ Мирзоев.

1930 – Мавлуди рӯзноманигор Музофир Илолов.

1935-1984 – Зодрӯзи оҳангсоз Саид Ҳамроев.

1938 – Мавлуди овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Музаффар Муҳиддинов.

1938-2018 — Зодрӯзи шоир Бозор Собир.

1946 – Мавлуди мунаққид Абдухолиқ Набиев.

1946-2004 – Зодрӯзи доктори улуми филология, профессор Шокир Мухтор.

1951 – Мавлуди собиқ вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов.

1952 – Зодрӯзи собиқ раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров.

1953-2000 – Мавлуди нависанда ва коргардон Сайф Раҳимзоди Афардӣ. Дар бахши тоҷикии сомона имрӯз дар ин бора мавод мутолиа карда метавонед.


1953-2001 – Зодрӯзи адабиётшинос Абдуманнон Насриддинов.

1958 – Мавлуди журналист Неъматуллои Нурулло.

1963 – Зодрӯзи оҳангсоз Парвиз Туробӣ.

1965 – Мавлуди овозхон Сабоҳат Наҷмиддинова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо борон (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000м барф) меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4+9° гарм, рӯзона 11+16° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 хунук, рӯзона 4+9° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), танҳо дар охири рӯз дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 12+17 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3+8° гарм, рӯзона 9+14° гарм мешавад.

Дар ВМКБ —  Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1+4°, рӯзона 9+14° гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Дар НТМ  — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо борон (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000м барф) меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 12+17° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4°, рӯзона 8+13° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), танҳо дар охири рӯз дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5 гарм, рӯзона 15+17° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), танҳо дар охири рӯз дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 5+7° гарм, рӯзона 13+15° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), танҳо дар охири рӯз дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5 гарм, рӯзона 14+16° гарм мешавад.   

Дар шаҳри Хоруғ—   Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришоти суст (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2° гарм, рӯзона 11+13° гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.