Дар маркази Душанбе, назди бинои асосии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон (ДСРТ) маросими ифтитоҳи нимпайкараи шоири саршиноси рус Александр Сергеевич Пушкин баргузор шуд. Нимпайкара бо дастгирии молиявии Вазорати фарҳанги Русия сохта шудааст.

Дар ин маросим вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, узви Думаи давлатии Русия оид ба умури ИДМ, ҳамгироии авруосиёӣ ва робита бо ҳамватанон Иван Белеков ва роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Михаил Вождаев ширкат варзиданд.

1/5

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.