Нахустнамоиши “Тарма”-и театри ҷавонон дар таҳияи коргардони даъватшуда аз Ӯзбекистон Олимҷон Салимовро тамошобинон инқилоб дар саҳнаи тоҷик унвон карданд.

Шоми 5-уми декабр пас аз анҷоми намоишнома тамошобинон дар театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов тӯли қариб 10 дақиқа рост истода, кафкӯбӣ карданд. Дар фазои толор нидоҳои аҳсанту офарин ва “браво” ба унвони ҳунармандону дастандаркорон танинандоз буд...

Asia-Plus

“Дер боз чунин тамошобинро надида будем”

Саркоргардони театри ҷавонон Қамариддин Мирзоев пас аз анҷоми намоиш дастагулеро аз номи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ҳунармандон ва дастандаркорон тақдим кард.

“Имрӯз барои роҳбарият ва ҳунармандони театр боиси хушнудист, ки толор сарфи назар аз дерии шаб моломоли бинандагон аст. Дер боз ин қадар тамошобинро дар толори худ надида будем. Мо аз он шодем, ки намоишро ҳаводорони театр хуб пазируфтанд. Аз номи роҳбарияти театр ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сипосгузории худро ба коргардон Олимҷон Салимов мерасонам, ки тӯли як моҳ бо ҳунармандон заҳмат кашиданд ва ин намоишномаро ба саҳна гузоштанд”, - гуфт Мирзоев.

“Нарав, аз сарҳад гузаштан хатарнок аст”

Коргардони “Тарма” Олимҷон Салимов, ки бо даъвати театри ҷавонон ба Тоҷикистон омад, дар фарҷоми намоиш аз дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек гуфт: “Дӯстони азизам, боиси ифтихорам аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон қарор дорам ва фикрҳои худро ба забони бузурги тоҷикӣ баён мекунам. Инчунин миннатдории худро ба Вазорати фарҳанг ва роҳбарияти театр мерасонам, ки ин сафарро ташкил карданд. Агар ташаббуси онҳо набуд, ман ин ҷо бо Шумо набудам”.

Asia-Plus

Вай афзуд, вақте бори нахуст дар соли 2006 барои гузоштани намоишномаи аввалинаш ба Тоҷикистон меомад, имкони аз сарҳад гузаштан набуд.

“Он вақт наздиконам ба ман мегуфтанд: “Нарав, аз сарҳад гузаштан хатарнок аст”. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ин ҷо меомадам ва намоишномаҳои худро мегузоштам. Акнун ҳамааш паси сар шуд. Моро ҳеҷ кас наметавонад аз ҳам ҷудо намояд. Мо ҳамавақт канори ҳам мемонем ва якҷоя намоишномаҳоро таҳия мекунем”, -гуфт коргардони ӯзбек.
Asia-Plus

“Ман тоҷикистониям, танҳо дар ҷойи дигар ба дунё омадам”

Дар суҳбат бо хабарнигори Asia-Plus саркоргардони театри драмавии шаҳри Тошканд Олимҷон Салимов гуфт: “Модари ман дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Баъдан ӯ ба Ӯзбекистон рафт ва он ҷо ба шавҳар баромад. Бобо ва модаркалони ман дар ин ҷо зиндагӣ кардаанд ва то ҳол холаам ин ҷост. Ман тоҷикистониям, танҳо дар ҷойи дигар ба дунё омадам... Ҳунармандони театри тоҷикро хеле хуб мешиносам. Онҳо ба таври касбӣ дар намоишномаҳо нақш меофаранд. Театри тоҷик рӯз то рӯз ба таври чашмрас рушд мекунад. Онҳо дар фестивалҳои байнулмилалӣ иштирок карда, “Шоҳҷоиза” меоранд, ки ин худ сатҳи театрро нишон медиҳад”.

“То баромадани охирин тамошобин аз толор ашк рехтам”

Ҳунарпешаи ҷавони театр Шогун Давлатбекова, ки дар “Тарма” нақши асосиро бозидааст, дар суҳбат бо хабарнигори Asia-Plus аз иҷрои нақш ва эҳсоси худ баъд аз анҷоми намоиш нақл кард.

“Барои ҳунарманд нақши асосиро бозидан ва зиёда аз 1,5 соат бо тамошобин дар тамос будан хеле душвор аст. Намоиш хеле вазнин буд, аммо аз иҷрои нақши худ хаста нашудам. Чун дар толор тамошобини зиёдро дидам, онҳо бароям нерӯ бахшиданд. То баромадани охирин тамошобин аз толор ашк рехтам. Пеш аз оғози намоиш мо – ҳунармандонро тарсу ҳаяҷон фаро гирифта буд. Оё тамошобин меояд ё не?”, - гуфт ҳунарпешаи ҷавон.

Ӯ орзу дорад, ки дар намоишҳои дигар низ толор мисли имрӯза пур аз тамошобин бошад. Ин боис мешавад, ки ҳунармандон ва коргардонҳо намоишҳои хуби театрӣ ба саҳна гузоранд.

Asia-Plus

“Инқилоб дар саҳнаи тоҷик”

Рӯзноманигори тоҷик Одили Нозир, ки пайваста масоили фарҳангиро пайгирӣ мекунад, пас аз тамошои “Тарма” назари худро чунин иброз дошт: 

“Намоишномае, ки аз ҷониби коргардони ӯзбекистонӣ ба саҳна гузошта шуд, натанҳо хуб аст, балки як инқилоб дар саҳнаи тоҷик аст. Инқилоб аз он хотир, ки шояд барои коргардонҳои тоҷик дарсе шаваду онҳо фаҳмида бошанд, ки барои намоишномаи хуб офаридан бояд каме ҳаракат бикунанд. Солҳои охир мо ҳунармандони барҷастаи худро, дар мисоли Раҷабгул Қосимова дар нақшҳои “суст” истифода кардем. Намоиши “Тарма” ба мо гуфт, ки мешавад бо ин ҳунармандон образҳои хеле зеборо офарид. Бо истифода аз ин ҳунармандон метавон намоишномаеро ба саҳна гузошт, ки тамошобин росто тӯли 10 дақиқа каф бикӯбад. Ман ташаккур мекунам аз коргардони ӯзбекистонӣ, ки ин камбудии моро ба мо нишон дод. Фикр мекунам, театрҳои тоҷик анъанаи даъвати коргардонҳои хориҷиро бояд давом диҳанд”.
Asia-Plus

Тамошобини ҷавони театр Исмоил Маликов мегӯяд, намоиш дар сатҳи олӣ офарида шудааст, ки ин аз муваффақияти коргардон хабар медиҳад.

“Ороиши саҳна тамошобинро водор мекард, то ба умқи таърих фурӯ равад. Ҳангоми тамошо худро шоҳиди ҳодисае эҳсос кардам, ки гӯё айни ҳол рух медиҳад. Паёми намоишнома ба тамошобин ин буд, ки мо набояд худро асири тарс бикунем”, - иброз дошт Исмоил.
“Тарма” ин шом низ дар театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоиш дода шуд. Он рӯзи шанбе, 7-уми декабр, соати 14:00 такроран ба саҳна гузошта мешавад, ки мухлисони театр аз тамошояш баҳравар шуда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.