Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим аз қитъаи роҳ боздид карда, ба сохтмоничиён дастур дод, ки ба сифати корҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир кунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, пас аз шиносоӣ бо корҳо муовини сарвазир ба сурати умум аз суръати сохтмон қаноатманд шуд.

Ба гуфтаи ӯ, корҳо дар иншоот шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, мувофиқи нақша пурра ба истифодаи додани қитъаи роҳ то 20-уми марти соли оянда пешбинӣ шудааст.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар чорроҳаи даври мавзеи Қарияи Боло дар робита ба сохтмони эстакадаи сесатҳа охири моҳи феврали соли 2018 баста шуд.

Қобили зикр аст, ки эсткадаи сесатҳа дар доираи амалисозии лоиҳаи “Беҳтар кардани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – Турсунзода, қитъаи роҳ аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд мешавад.

Қаблан дар Вазорати нақлиёт итминон дода буданд, ки анҷоми сохтмони иншооти мазкур охири моҳи декабр ва пурра амалисозии лоиҳа баҳори соли оянда дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.