Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!

АНОНС

- Бо қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии 25-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Сурат: дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе

- Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба Рӯзҳои дарҳои кушода даъват мекунад. Рӯзҳо дар толорҳои намоишгоҳи Иттифоқ то 21 декабр аз соати 10:00 то 17:00 баргузор мешаванд.


ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6800 сомонӣ;

1 евро – 10.7380 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1515 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Бо ташаббуси СММ ҳамасола 9-уми декабр Рӯзи байнулмилалии мубориза бо коррупсия таҷлил мешавад.

Сурат: Helder Almeida, Shutterstock

2004 – Раиси Кумитаи ҳифзи марзи давлатии назди ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Азимов ва роҳбари Хадамоти марзбонии Русия Владимир Проничев санади қабулу супоридани минтақаи Помири сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро ба имзо расониданд.

2004 – Бо дархости мақомоти Тоҷикистон раиси Ҳизби демократ Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар Маскав боздошт шуда, баъдтар ба 23 соли зиндон маҳкум гардид.

2008 – Дар Теҳрон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Эрон оғоз гардид.

2017 – Эмомалӣ Раҳмон ба Урдун сафари расмӣ анҷом дод: ба ӯ Калиди рамзии тиллоии шаҳри Аммон тақдим шуда, Сарвари давлати Тоҷикистон соҳиби Унвони олии - Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун гардид.

Сурат: хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

1918 – Зодрӯзи дирижёр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Ибодулло Абдуллоев.

1926 – Мавлуди ҳунарманди балет, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Рамзия Баккал.

1926 – Зодрӯзи Рассоми халқии Тоҷикистон Хушбахт Хушвақтов.

Рассом Хушбахт Хушвақтов

1966 – Мавлуди олими соҳаи тиб Ҷамолиддин Абдуллоев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 гарм, рӯзона 11+16° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, рӯзона 4+9° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 15+20° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4°, рӯзона 12+17° гарм мешавад.

Дар ВМКБ —  Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12° хунук, рӯзона 5+10° гарм, дар шарқи вилоят шабона 19-24° хунук, (дар мавзеи Булункул то 40-42° хунук), рӯзона 6-11° хунук, (дар мавзеи Булункул то 18-20° хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5° гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 5-10° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 4+9° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2°, рӯзона 16+18° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3° гарм, рӯзона 12+14° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2° гарм, рӯзона 17+19° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 6-8° хунук, рӯзона 7+9° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.