Ин ҳафта дар Тоҷикистон ҳарорати умумӣ то 5 дараҷа паст мешавад: аллакай имрӯз дар пойтахт акрабаки ҳароратсанҷ то 11 дараҷа гармӣ поин рафт.

Тавре Агентии обуҳавошиносии Точикистон хабар медиҳад, ин ҳафта дар Душанбе то рӯзи якшанбе ҳаво сербориш мешавад.

Дар саросари кишвар аз фардо, 10-уми декабр бориши борон оғоз шуда, он дар баъзе ҷойҳо ба барф мубаддал мешавад.

“Ин ҳафта дар саросари ҷумҳурӣ ҳавои абрнок ва боришот дар назар аст. Дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар доманакӯҳ ва кӯҳҳо он ба барф мегузарад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Агентии гидрометеорологии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева.

Ҳарорат дар водиҳо рӯзона 6-11 дараҷа гарм ва дар минтақаи ҷануби кишвар то 15 дараҷа гарм мешавад.

Ҷамила Байдуллоева дар додани маълумоти дақиқ оид ба вазъи обуҳаво шаби Соли нав дар кишвар душворӣ кашида, изҳор дошт, ки он айни замон номаълум аст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти портали интернетии Gismeteo.com, рӯзи 31-уми декабр ҳавои шаҳри Душанбе сарду офтобӣ хоҳад буд. Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ тоҷикистониён Соли нави мелодиро бе барф пешвоз гирифта буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.