Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!

АНОНС

Аз 10 то 16 декабр 9 намояндаи Федератсияи таэквондо (WT) Тоҷикистон дар семинари умумиҷаҳонии доварон дар шаҳри Рязани Русия иштирок мекунанд.

- Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба Рӯзҳои дарҳои кушода даъват мекунад. Рӯзҳо дар толорҳои намоишгоҳи Иттифоқ то 21 декабр аз соати 10:00 то 17:00 баргузор мешаванд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6905 сомонӣ;

1 евро – 10.7303 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1518 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон

1948 – Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон қабул шуд.

1994 – Таъсиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон.

2002 – Бори нахуст дар Тоҷикистон музокираи ҷамъиятии парлумонӣ баргузор шуд.

1928-1989 – Зодрӯзи доктори улуми кишоварзӣ Худоёр Юсуфбеков.

1929 – Мавлуди овозхон, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳусейн Насриддинов.

1934-1998 – Зодрӯзи доктори улуми филологӣ, профессор Баҳром Шермуҳаммедов.

1935 – Мавлуди академик Хуршед Каримов.

1936 – Зодрӯзи олим Ҳалимҷон Саидов.

1936-2008 – Мавлуди журналист, Корманди шоистаи матбуоти Тоҷикистон Бобо Расулзода.

1939 – Зодрӯзи рӯзноманигор Мавлодод Муллоев.

1948 – Мавлуди нависанда Зиё Абдулло.

1948 – Зодрӯзи арбоби давлатии Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов.

1958 – Мавлуди рассом Хайрулло Давлатов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо борон борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1+6 гарм, рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳ борон борида, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 11+16° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1+6° гарм, рӯзона 10+15° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 3-8° хунук, рӯзона 4+9° гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 23-28° хунук, рӯзона 3-8° хунук, (дар мавзеи Булункул 15-17° хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо борон (шабона дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр барф) меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 12+17° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4°, дар баъзе ноҳияҳо то 6-11° хунук, рӯзона -1+4°, дар баъзе ноҳияҳо то 5+10° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2+4° гарм, рӯзона 14+16° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон борида, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Шабона 3+5° гарм, рӯзона 7+9° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 6+8° гарм, рӯзона 12+14° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 3-5° хунук, рӯзона 5+7° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.