Арчаи солинавӣ дар пойтахти Тоҷикистон фурӯзон шуд. Он дар майдони асосии кишвар – “Дӯстӣ” қомат афрохт.

Имсол баландии он рекордӣ дар таърихи кишвар – 29 метр буда, масоҳати атофи пояаш 15 метр аст. Арчаи солинавии шаҳри Душанберо 16 ҳазор бозича зеб медиҳад.

Ба ҷуз арчаи солинавӣ, дар майдони “Дӯстӣ” як шаҳраки мукаммали афсонавӣ бунёд шуда, дар атрофи арча манзараҳо бо тасвири қаҳрамонҳои афсонаҳои солинавӣ гузошта мешаванд. Дар дӯконҳои ин шаҳрак туҳфаҳои солинавиро бо ширинҳои гуногун мефурӯшанд.

1/16

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.