Бизнес Клуби Бишкек дар доираи лоиҳаи NICE-TAK (Networking Intermediaries and Competitive Enterprises in Tajikistan and Kyrgyzstan), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ ва бо ҳаммаблаггузории муштараки Вазорати федералии Олмон оид ба рушди иқтисодӣ амалӣ мешавад, "Этно Фестивали Солинавии маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва органикӣ"-ро ташкил мекунад.

Ҳадафи асосии этно-фестивали солинавӣ таблиғи маҳсулоти ҳунармандӣ ва фермерӣ, инчунин ҷалби сокинони маҳаллӣ ба фарҳанги этникӣ ва шиносоӣ бо истеҳсолкунандагони ватанӣ мебошад.

Фестивал 14 – 15 декабр аз соати 12:00 то 19:00 дар шаҳри Бишкек баргузор мегардад.

Этно-фестивал ба ҳунармандони Мактаби бизнеси дизайн ва ҳунарҳои мардумии лоиҳаи NICE-TAK, деҳқонон ва сокинони шаҳр равона карда шудааст.

Меҳмонони ин чорабинӣ натанҳо маҳсулоти ҳунарҳои дӯстдошта ва фермерӣ аз қабили маҳсулоти намадӣ, хӯрокворӣ, либоси гарм, нӯшокиҳои миллӣ, лавозимот, ороиши хона, заргарӣ ва ғайраро харидорӣ карда метавонанд, балки имконияти дар семинарҳои ҷолиб ширкат варзидан ва намоишҳои эҷодиро тамошо карданро доранд. Инчунин барномаҳои дигари фестивал ин Ярмаркаи Тӯҳфаҳои Солинавӣ, хӯрок бо нӯшокиҳои гарм, барномаи кӯдакон, барномаи фарҳангӣ ва тантанаҳо мебошанд.

Ҷашнвора дар қаҳвахонаи Baan Baan Thai Café, ки дар суроғаи Тунюстанова 193/А ҷойгир аст, баргузор мегардад. Даромад ба чорабинӣ ройгон аст.

Мактаби бизнеси дизайн ва ҳунарҳои мардумӣ як майдонест барои ба даст овардани малакаҳо, ки тавассути он ҳунармандон ва зебосозон метавонанд даври тамоми истеҳсолот ва фурӯшро идора кунанд, инчунини дигар қарорҳои инноватсионӣ ва зебосозиро барои эҷоди санъат ва ҳунарҳои анъанавӣ, ки сирри истеҳсолоти маҳаллиро бо талаботи байналмилалӣ ба маҳсулоти ҳунармандӣ ва ороишӣ пайваст мекунад, омӯзанд.

Лоиҳаи NICE-TAK “Равобити ташкилотҳои дастгирии соҳибкорӣ ва корхонаҳои рақобатпазир дар Тоҷикистон ва Қирғизистон” аз ҷониби консорсиуми байналмилалӣ амалӣ карда мешавад, ки ба ҳайати он ташкилотҳои зерин дохил мешаванд: Ташкилоти ғайридавлатии байналмилалии итолиёвии CESVI, Бизнес Клуби Бишкек (БКБ), Ассотсиатсияи Миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон (АМСХМ), Ассотсиатсияи Миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ). Консорсиуми мазкурро ташкилоти ғайридавлатии олмонии sequa gGmbH идора мекунад.

Мақсади асосии лоиҳа ин баланд бардоштани сатҳи рушди корхонаҳои хурд ва миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон буда, диққати махсус ба рушди соҳаи ҳунармандӣ нигаронида шудааст. Ин мақсад тавассути бунёди иқтидор ва дастгирии ташкилотҳои тиҷоратии миёнарав дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ба даст оварда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.