Ҳаҷми партовҳои моддаҳои зараровар ба фазои шаҳри Душанбе тайи се соли охир 4 маротиба афзудааст.

Дар гузориши чанде қабл нашршудаи Агентии омори назди президенти ҶТ “Ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон” қайд мешавад, ки соли гузашта 16,2 ҳазор тонна (соли 2014 – 4,3 ҳазор тонна) моддаҳои зарарнок ба фазо партофта шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар давраи солҳои 2014-2017 дар пойтахти Тоҷикистон давра ба давра маркази барқу гармидиҳии дуюм ба истифода дода шуд.

Дар ҳамин ҳол, ифлоскунони асосии ҳаво дар шаҳр сарчашмаҳои сайёр мебошанд, ки соли 2018 беш аз 87 ҳазор тонна моддаҳои зарарнок ба фазо ихроҷ кардаанд.

Дар муқоиса бо соли 2017 ҳаҷми партови моддаҳои зараровар аз ҷониби воситаҳои нақлиёт қариб ду баробар зиёд шудааст.

Ҳамасола дар пойтахт шумори воситаҳои нақлиёт афзуда, айни замон миқдори умумии онҳо 120 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.