Сохторҳои масъули Тоҷикистон аз уҳдаи иҷрои нақшаҳои омода кардани фонди манзил ва иншооти хоҷагии коммуналӣ ба кор дар давраи зимистон набаромаданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, то 1-уми декабр таъмири 33 дегхона дар ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шуда, лекин дар амал 19 дегхона таъмир ё худ 57,6%-и нақша иҷро гардидааст.

Ҳамчунин ивази 43,3 км шабакаҳои гармидиҳӣ пешбинӣ шуда, ҳамагӣ 33,5 км иваз гардидааст, ки 79,2%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, ивази 10 км қубурҳои садамавӣ ба нақша гирифта шуда, 6,7 км-и онҳо иваз гардидаанд, ки ба 67%-и нақша баробар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра аз таъмир баровардани боми 536 манзил муяссар шудааст, ки ҳамагӣ 51,1%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Қафомонии аз ҳама бештар аз нақша дар вилояти Хатлон ба мушоҳида расида, шаҳри Душанбе вазифаҳои дар ин самт гузоштаро нисбатан беҳтар иҷро кардааст.

Дар пойтахт ивази қубурҳои садамавию таъмири дегхонаҳо пурра дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расид. Нақшаи ивази шабакаҳои гармидиҳӣ 95,6% ва таъмири бомҳо ба андозаи 60% иҷро шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.