Дар калисои насронии Свято Николскийи шаҳри Душанбе ҳар рӯзи якшанбеи ҳафта ба ниёзмандон хӯрок дода мешавад. Ин ҷо 250 нафар ҷамъ шуда, барои ҳама хӯроки гарму болаззат кифоя аст.

“Мо ҳамаро қабул мекунем, - мегӯяд Феодора Власова, роҳбари Шуъбаи иҷтимоии калисо. - Шахсоне, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд, метавонанд ба мо муроҷиат кунанд. Мо ба мансубияти диниву мазҳабӣ ва аз кадом миллат будани онҳо кор надорем”.

Хӯрокро дар ин ҷо сокини маҳаллӣ Ёрмаҳмад тайёр мекунад. Хӯрокҳо ҳар ҳафта гуногунанд.

Ба ҷуз хӯроки гарми нисфирӯзӣ, ҳар моҳ ба ниёзмандону бесарпаноҳон маҷмӯи маҳсулоти ғизоӣ ва ба беморон муворфиқи таъинот доруворӣ дода мешавад.

“Сокинони маҳаллӣ низ баҳри кумак ба ниёзмандон маҳсулоти хӯрокворӣ меоранд, аз ҷумла, макарону консерва, равған, чой, қанд ва ғайра. Мо аз инҳо барои афроди ниёзманд хӯрокворӣ тайёр мекунем”, - иброз медорад Власова.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.