Ҳамаи қувваи корӣ ва техникаи КВД “Обу корези Душанбе” ба бартараф кардани садама дар шабакаи обтаъминкунии Душанбе сафарбар шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе хабар дод, мушкилоти рӯзи 16-уми декабр пайдошуда оид ба таъмини қисме аз аҳолии минтақаи ғарбии Душанбе бо оби нӯшокӣ то кунун ҳал нашудааст.

“Мушкили марбут ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ бар асари садамаи субҳи 16-уми декабр рухдода дар яке аз шабакаи шоҳқубурҳо дар буриши кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ва Карамов ба амал омад”, - гуфт манбаъ.

Дар шаҳрдорӣ қайд карданд, ки оқибатҳои ин садама соати 6-и субҳи имрӯз аз ҷониби кормандони КВД “Обу корези Душанбе” бартараф гардид, аммо вақте обро ба шабака сар доданд, боз дар ҷойи садама мушкилоти нав пайдо шуданд.

Айни замон интиқоли оби нӯшокӣ ба хонаҳои истиқоматии қисмати ғарбии пойтахт боз қатъ шудааст.

Дар ҳукумати шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” итминон доданд, ки дар фурсати наздиктарин таъминоти шаҳр бо об пурра барқарор мешавад.

Аммо дар шаҳрдорӣ дақиқан гуфта натавонистанд, ки кай таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ барқарор мешавад.

Суол дар бораи ташкили мошинҳои обкаш барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ низ бепосух монд.

Қаблан зикр гардида буд, ки комиссияи махсус ба таҳқиқи сабабҳои рух додани садама дар шабакаи обтаъминкунӣ оғоз кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.