АНОНС

  - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон имрӯз ба бинои нав мекӯчад. Маросими ба истифода додани он бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Дафтари кории муосири ҳафтошёна муддати якуним сол дар паҳлӯи бинои Прокуратураи генералии Тоҷикистон сохта шуд.

- Дар Сирки давлатӣ намоиши барномаи солинавии “Сирки Маскав ва палангҳои африқоӣ” идома дорад. Чиптаҳо вобаста ба қатори нишаст аз 40 то 80 сомонӣ нарх доранд. Барои кӯдакони синни то 3-сола бо пешниҳоди шаҳодатномаи таваллуд даромадан бепул аст.

- Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба Рӯзҳои дарҳои кушода даъват мекунад. Рӯзҳо дар толорҳои намоишгоҳи Иттифоқ то 21-уми декабр аз соати 10:00 то 17:00 баргузор мешаванд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6800 сомонӣ;

1 евро – 10.7903 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1540 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1940 – Театри мусиқии тоҷик ба Театри опера ва балет табдили ном кард.

1972 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ордени Дӯстии халқҳо таъсис дода шуд.

2007 – Баъди таъмиру азнавсозӣ Осорхонаи дастхатҳои қадим ва осори миллии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ифтитоҳ гардид.

1929-1994 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, профессор, арбоби давлатӣ Моёншо Назаршоев.

1947 – Мавлуди Шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсори Сафӣ. Мо бо шоира мусоҳиба оростем, ки онро метавонед имрӯз дар бахши тоҷикии сомонаамон мутолиа кунед.

Гулрухсор Сафиева

1954 – Зодрӯзи оҳангсоз Лола Толис.

1957 – Мавлуди сарояндаи эстрада, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хурмо Ширинова. Имрӯз ҳамкоронаш аз ансамбли “Гулшан” хотираҳои худро дар бораи ӯ нақл мекунанд. Хабарҳои моро пайгир бошед.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Др водиҳо шабона -2+3, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3, рӯзона 6+11° гарм мешавад.

Дар ВМКБ —   Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 8-13° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар шарқи вилоят шабона 18-23° хунук, (дар мавзеи Булункул то 38-40° хунук), рӯзона 3-8° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-13° хунук мешавад.

Дар НТМ  — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5° хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 12+14° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 15+17° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 6-8° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.