Ин мақолаи собиқ котиби матбуотии Президенти ҶТ Зафар Сайидзода, ки 18-уми декабр зодрӯз дорад, дар китоби «Дастрасӣ ба иттилоот: ҳамкорӣ ва шаффофият» ба табъ расидааст. Дастурамали мазкур барои кормандони марказҳои матбуотии мақомоти давлатӣ ва расонаҳо дар соли 2008 аз ҷониби Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» чоп карда шуд. Дар марҳилаи кунунӣ тавсияҳои яке аз ҳаммуаллифони ин китоб барои таъмини дастрасӣ ба маълумоти дорои аҳаммияти ҷамъиятӣ беш аз пеш мубрам ба назар мерасад.


Бо ВАО фаъолияти мукаммалу ҷиддӣ бурдан зарур аст. Ва ин фаъолият аз муносибати шахсии котиби матбуотӣ (корманди маркази матбуотӣ) ба рӯзноманигор оғоз мешавад. Бо зоҳир кардани муносибати эҳтиромона ба намояндагони ВАО, шумо онҳоро дилгарму ҳавасманд месозед ва заминаи устувори ҳамкориҳоро фароҳам меоред.

Котиби матбуотӣ бояд ҳамеша бо рӯзноманигор дар тамос бошад – мунтазам ба ӯ занг зада, аз нақшаҳояш воқиф гардад ва нагузорад, ки рӯзноманигор ӯро фаромӯш созад. Ҳангоми зарурат ба иттилоот ё шарҳи мавзӯъ, рӯзноманигор бояд дар навбати аввал котиби матбуотиро ба хотир орад ва бо ӯ тамос гирад.

Риояи баъзе қоидаҳои оддӣ ба интишори маводи сершумори мусбат дар ВАО оид ба мақомоти шумо мусоидат карда метавонад:

1. Таҳияи дақиқи маълумот барои маводи иттилоотӣ – рақамҳо ва тафсилоти зарурӣ. Хабар бояд, ба қавле, «бомазза» бошад.

2. Таҳияи маводи иттилоотие, ки ба омода сохтани матлаби асосӣ кумак мекунад – маълумот дар бораи соҳа, таърихи он, иттилоияи мақомот ва ғайра.

3. Одоби муошират ва дақиқкорӣ дар фаъолият. Бояд ба назар гирифт, ки дар маводи рӯзноманигорон гоҳе метавонад ягон хато ё маълумоти нодуруст ошкор шавад.

Агар дар матлаби нашргардида иштибоҳе роҳ ёфта бошад, ба муҳаррири ВАО занг зада, барангехтани ҷанҷол зарурат надорад. Чунин амал метавонад ба сардии муносибатҳо оварда расонад. Беҳтар аст, агар котиби матбуотӣ сабаби сар задани хаторо муайян сохта, нашри такрории мавод дар бораи фаъолияти мақомотро дархост кунад. Албатта, чунин тавсия танҳо дар ҳолатҳое бамаврид аст, ки иштибоҳ хусусияти усулӣ надошта бошад. Аммо набояд фаромӯш кард: он чизе, ки барои маркази матбуотӣ хеле муҳим ба назар мерасад, баҳри хонандаву шунаванда ва бинанда метавонад чандон ҷолиб набошад.
Аз таҷрибаи худ медонам: аксари кормандони ВАО шахсони бошуур ва огоҳанд, вале ҳамзамон мағрур низ ҳастанд ва фишори касеро таҳаммул надоранд.

Чанд сухан дар бораи санҷиши маводе, ки дар ин ё он ВАО интишор мешавад. Баъзе рӯзноманигорон аз мувофиқасозии сершумор ва ислоҳи маводашон озурдаву нороҳат мешаванд, ки инро дар хотир бояд дошт. Дархост оид ба ирсоли мавод барои санҷиш бояд тақрибан чунин мазмун дошта бошад: «Мо ба услуби нигориши матлаб ягон тағйирот ворид намесозем. Мо танҳо дурустии рақамҳо, ному насаб ва вазифаҳоро месанҷем». Мувофиқасозӣ бояд дар кӯтоҳтарин фурсат ва тағйиру иловаҳо бо риояи одобу эҳтироми муаллиф сурат пазирад.


Котиби матбуотӣ бояд вазифаҳои худро босифат иҷро бикунад – бо роҳбарият вохӯрӣ ташкил намояд, матлабро то вақти муайяншуда мувофиқа созад. Хусусан, ба масъалаи дуюм таваҷҷуҳ бояд кард: матлаби таҳияшуда метавонад бе иловаҳо ва тасҳеҳи шумо нашр карда шавад.

Хеле хуб аст, агар миёни рӯзноманигор ва котиби матбуотӣ муносибати дӯстона барқарор бошад. Аммо баъзан ҳолатҳои баръакси ин ҳам мешавад: шумо ӯро ҳатто таҳаммул карда наметавонед. Дар ин маврид бояд қоидаи зерин мавриди амал қарор бигирад: «Муносибатҳои шахсӣ як тараф, кор болотар аз ҳама». Зеро рӯзноманигор бояд дилпур бошад, ки намояндаи маркази матбуотӣ ба ӯ эҳтиром мегузорад.

Дар хотир бояд дошт:

- Муҳим он аст, ки котиби матбуотӣ имкони иртиботи мустақим бо роҳбари мақомот ва муовинони ӯро дошта бошад.

- Намояндагони ВАО-ро бо ҷашни зодрӯз ва идҳои дигар таҳният бояд гуфт.

- Кормандони маркази матбуотӣ ба рӯзноманигор набояд чун ба намояндаи бахши хизматрасонӣ муносибат кунанд. Ӯ чунин рафтори нодурустро дарҳол ҳис мекунад. Танҳо дар сурати барқарории муносиботи эҳтиромонаи тарафайн ҳамкории тӯлонӣ ва пурсамар имконпазир аст.

Дар шароити кунунӣ иттилооти марбут ба салоҳияти ин ё он мақомотро пӯшида нигоҳ доштан амалан ғайриимкон аст. Ба ҳар сурат, он дар сатҳи овозаву гумон дастраси ҳамагон хоҳад шуд. Табиист, ки барои шумо (марказҳои матбуотӣ) чунин ҷараён гирифтани вазъият лозим нест. Роҳи дурусти ҳалли ин масъала – нашри хабари пешгирикунанда аст, яъне «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард». Шумо медонед, ки ҳодисаи нохуше ба амал омадааст ва пеш аз паҳн шудани овозаҳо, дар навбати аввал ба ВАО иттилооти зарурӣ пешниҳод месозед.


Маъмулан, ба рӯзноманигорон кам муяссар мешавад, ки бо суолҳои худ бевосита ба роҳбари сохтори давлатӣ муроҷиат кунанд. Дар ин маврид нақши котиби матбуотӣ меафзояд. Бинобар ин, вақте ӯ иттилоот пешниҳод мекунад, фаъолияташ бояд боварибахш бошад. Набояд эҳсосе пайдо шавад, ки маълумот нодуруст аст, аммо онро саҳеҳ нишон дода, ба воситаи изҳороти котиби матбуотӣ чизеро пинҳон карданиянд.

Набояд фаромӯш кард, ки мафҳуми маҷозии ВАО мавҷуд набуда, рӯзноманигори мушаххас вуҷуд дорад. Ва рӯзноманигор ба марказҳои матбуотӣ бовари бештар хоҳад дошт, агар донад, ки иттилоот маҳз ба ӯ ва худи ҳозир пешниҳод мешавад.

Дар ин ҷо мехоҳам таъкид созам, ки агар котиби матбуотӣ бо рӯзноманигори мушаххас дар ягон самти муайян ҳамкории зич дошта бошад, дар зеҳни рӯзноманигор нобоварӣ пайдо намешавад ва шояд зарурати дарёфти дастрасии ӯ ба шахси аввал дар роҳбарияти мақомоти давлатӣ ба миён намеояд.

Ман мутмаинам, ки котиби матбуотии кордон ҳамчун тилло боарзиш аст. Мутаассифона, ҳамон гунае, ки тилло дар табиат нодир аст, чунин котибони матбуотӣ низ аҳён-аҳён вомехӯранд. Ба фикрам, ин мушкилоти умда аст. Ба андешаи ман, котиби матбуотӣ дар як вақт ҳам сиёсатшинос аст, ҳам рӯзноманигор ва ҳам равоншиносу ҷомеашинос. Он касби душвору заҳматталаб буда, ба мақомоти давлатӣ имкон медиҳад, ки робитаи худро бо ВАО ва ҷомеа таҳким бахшад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.