АНОНС

- Дар «Суруш Холл» маросими ҳамасолаи тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни “Тамға (бренд)-и сол” – нахустин ва ягона озмуни касбӣ дар соҳаи бозорёбӣ ва тамғасозӣ дар Тоҷикистон доир мегардад. Оғози маросим соати 17:30.

- Дар Сирки давлатӣ намоиши барномаи солинавии “Сирки Маскав ва палангҳои африқоӣ” идома дорад. Чиптаҳо вобаста ба қатори нишаст аз 40 то 80 сомонӣ нарх доранд. Барои кӯдакони синни то 3-сола бо пешниҳоди шаҳодатномаи таваллуд даромадан бепул аст.

- Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба Рӯзҳои дарҳои кушода даъват мекунад. Рӯзҳо дар толорҳои намоишгоҳи Иттифоқ то 21-уми декабр аз соати 10:00 то 17:00 баргузор мешаванд.

- Бо ин суроға шумо метавонед бо барномаи намоишномаҳои театрҳои пойтахт дар рӯзҳои наздик шинос шавед.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6800 сомонӣ;

1 евро – 10.8058 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1540 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии муҳоҷирон.

Мувофиқи арзёбии коршиносон, шумори умумии муҳоҷирон дар саросари дунё аз 175 млн. нафар дар соли 2000 то ба 244 млн. нафар дар соли 2015 афзуд. Ҳар кадоме аз 35-ум нафари сокини сайёра муҳоҷир аст, ки дар берун аз ҳудуди кишвари худ кору зиндагӣ мекунад.

Тибқи маълумоти гуногун, беш аз 1 миллион нафар тоҷикистониён айни замон муҳоҷиранд. Дар ҳар ҷое бошанд, бигзор ҳамеша солиму бардам ва хонаободу хушрӯз бошанд!


Дар СММ имрӯз Рӯзи забони арабӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз Маҷмаи Умумии СММ забони арабиро ба қатори забонҳои расмӣ ва кории ин созмон шомил кард. Шумори шахсоне, ки бо забони арабӣ ва вариантҳои он ҳарф мезананд, наздики 300 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Барои 240 млн. нафари онҳо арабӣ забони модарӣ буда, боз 50 млн. нафари дигар онро ба сифати забони дуюм истифода мекунанд. Аз арабии классикӣ – забони Қуръон мусулмонон дар тамоми ҷаҳон, ки шуморашон беш аз 1,5 млрд. нафар аст, истифода мекунанд.


1923 – Зодрӯзи доктори улуми фарҳангшиносӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, профессор Низом Нурҷонов.

1932-1995 – Мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром.

1961 – Зодрӯзи сармушовири президент оид ба сиёсати хориҷӣ Зафар Сайидзода.

Имрӯз ҳунарманди театру кинои Русия, ҳаҷвнигор, ровии телевизион, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Никулин низ зодрӯз дорад. Нақшҳои ӯро, ки лаҳзаҳои зиёди хушеро ба мо бахшида буданд, дар хотир дорем.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5 гарм, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо борон (шабона дар баландиҳои зиёда аз 1200м барф) борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 9+14° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф) дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 3-8° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар шарқи вилоят шабона 21-26° хунук, (дар мавзеи Булункул то 37-39° хунук), рӯзона 3-8° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 6-11° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришот (борон, барф) дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 7-9 хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, борон, дар баъзе ҳолатҳо бошиддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 10+12° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 10+12° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 5-7° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.