Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» аз рӯйи 4 номинатсия ва рақобат барои Шоҳҷоиза рӯзи 14-уми декабр дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид. 

АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, ки бо гирифтани 253,5 хол хонандаи Муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо ғолиби  Шоҳҷоиза дониста шуда, ба ӯ Шоҳҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 50000 сомонӣ тақдим гардид.

Бунёд Раҳнамо
Сурат: АМИТ "Ховар"

Дар чорабинӣ ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазирони фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода, аъзои ҳакамон, иштирокчиёни озмуни мазкур, волидайни иштирокдорон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

“Ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа буд. Имрӯз натиҷаи он исбот намуд, ки ҳақиқатан мардуми тоҷик мисли гузаштаи хеш китобдору китобхон мебошанд”, - изҳор дошт Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Сипас ғолибони 4 номинатсия муаррифӣ шуданд:

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик»:

Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Имрониддинов Сарфарозиддин.

Ҷойи дуюм — 25000  сомонӣ ба Сафармоҳи Аҳмадбек.

Ҷойи сеюм — 20000 сомонӣ ба Шабеҳа Раҳнамо.

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик»:

Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Шукрона Хоҷамқулова.

Ҷойи дуюм — 20000 сомонӣ ба Рухшона Нурова.

Ҷойи сеюм — 15000 сомонӣ ба Мосума Шоҳмуродзода.

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик»:

Ҷойи якум — 25000 сомонӣ ба Муҳаммад Раҳнамо.

Ҷойи дуюм — 17000 сомонӣ ба Зебонисои  Азизиён.

Ҷойи сеюм — 13000 сомонӣ ба Бинямони Илҳом.

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон»:

Ҷойи якум — 30000 сомонӣ ба Шабнам Одинаева.

Ҷойи дуюм — 20000 сомонӣ ба Насиба Ҳафизова.

Ҷойи сеюм — 15000 сомонӣ ба Шобегим Маликшоева.

Азизмоҳ Панҷшанбеева аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои донишу маҳорати хуб доштан, аз ҷониби ҳакамон барои гирифтани 10 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати маориф пешниҳод гардид.


Ҳамчунин чанд нафар ятимони кулл ва хурдсолоне, ки дар озмуни мазкур дониши баланд доштанд, аз ҷониби Вазорати маориф бо 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд:

Инҳо Озодаи Саид, Ҷӯрахон Тошов, Лайло Рӯзибоева, Ҳумайнӣ Кароматуллоҳ, Аҷикуллоҳ Ҳусейнов ва Сайрам Файзова мебошанд.

Инчунин ба ғолибони дигари озмун диплому ифтихорномаҳо супорида шуданд.

1/4

Ёдовар мешавем, ки охири моҳи декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими тантанавии ба ғолибон супоридани мукофот баргузор мегардад. Ҳамчунин  дар назар аст, ки зимни он барномаи консертӣ доир шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.