АНОНС
- Дар толори конфронси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Маҳфили матбуотии журналистикаи “Тавозун” доир мегардад, ки дар он “Роҳнамои татбиқи назорати парлумонии ташаккул ва иҷрои буҷети давлатии Тоҷикистон” муаррифӣ мешавад.
- Дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Айнӣ шоми мусиқии классикӣ ва консерти ягонаи виолончели Марҷона Ҳасанова баргузор мешавад. Оғоз соати 18:00.
- Дар Сирки давлатӣ барномаи солинавии “Сирки Маскав ва палангҳои африқоӣ” хотима меёбад. Чиптаҳо вобаста ба қатори нишаст аз 40 то 80 сомонӣ нарх доранд. Барои кӯдакони синни то 3-сола бо пешниҳоди шаҳодатномаи таваллуд даромадан бепул аст.
- Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба Рӯзҳои дарҳои кушода даъват мекунад. Рӯзҳо дар толорҳои намоишгоҳи Иттифоқ то 21 декабр аз соати 10:00 то 17:00 баргузор мешаванд.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 9.6800 сомонӣ;
1 евро – 10.7593 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1540 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1979 – Агрегати охирини нерӯгоҳи барқи обии Норак ба истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ кард. Нерӯгоҳ зиёда аз як сол пеш бо иқтидори пурра ба истифода дода шуд.
Аксҳои ҷолиби нерӯгоҳи обии барқии бесобиқаи минтақа дар суратгузориши “Азия-Плюс”.
1992 – Дар заминаи воҳидҳои Фронти халқӣ ва дигар қисмҳои мусаллаҳи ҷонибдори ҳукумат Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис дода шуд.
2003 – Дафтари кории душанбегии намояндагии созмони байнулмилалии башардӯстонаи «Табибони бидуни марз» дар Тоҷикистон баста шуд.
2010 – Хадамоти махсуси Афғонистон дар шимоли ин кишвар 7 нафар маҳбусони фирории рӯзи 23 август аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон гурехтаро боздошт карданд.
1918-2019 – Зодрӯзи актрисаи театру кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова.
1927 – Мавлуди адабиётшинос, мунаққид, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон ва Русия Шавкат Ниёзӣ. Муҳаққиқи эҷодиёти шоирони тоҷик дар замони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945.
1941 – Зодрӯзи оҳангсоз Аъзам Солеҳов.
1954 – Мавлуди нависанда ва журналист Мансур Суруш.
1906-1982 – Зодрӯзи Леонид Брежнев, арбоби сиёсӣ ва ҳизбӣ, ки солҳои 1964-1982 давлати пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР)-ро роҳбарӣ кардааст.
1955 – Зодрӯзи доктори улуми техникӣ Ҳайдар Одинаев.
1956 – Мавлуди арбоби шоиста Саёҳат Неъматова.
РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байнулмилалии кумак ба камбизоатонро таҷлил мекунад. Тақрибан чоряки аҳолии сайёра дар сатҳи пасттар аз камбизоатӣ ба сар мебарад. Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон чунин аст.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, шабона ва саҳар дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.
Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, шабона ва саҳар дар ноҳияҳои алоҳида борон (дар баландиҳои зиёда 1200м барф) борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 8+13° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3°, рӯзона 5+10° гарм мешавад.
Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 6-11° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25° хунук, (дар мавзеи Булункул то 31-33° хунук), рӯзона 7-12° хунук, (дар мавзеи Булункул то 17-19° хунук) мешавад.
Дар НТМ — Ҳавои қисман абрнок, шабона ва саҳаргоҳон дар водиҳо борон, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 9-11 хунук, рӯзона -2+3°, дар баъзе ноҳияҳо то 1+6 гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, шабона ва саҳаргоҳон борон борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2+4° гарм, рӯзона 8+10° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, шабона ва саҳар боришот (борон бо гузариш ба барфи тар) ба амал омада, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 5+7° гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, шабона ва саҳар борон борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 10+12° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 6-8° хунук, рӯзона 2+4° гарм мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.