Дар театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов рӯзи 21-уми декабр нахустнамоиши “Зани оҳанин” дар таҳияи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров доир мегардад.

Дар ин хусус ба “Азия-Плюс” саркоргардони театри ҷавонон Қамариддин Мирзоев иттилоъ дод. 

- Намоиши “Зани оҳанин” аз рӯйи асари нависандаи ӯзбек Шароф Бошбеков дар таҳияи коргардони варзидаи театри ҷавонон Мирзоватан Миров ба саҳна гузошта мешавад. Нахустнамоиши он рӯзи 21-уми декабр, соати 16:00 дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон баргузор мешавад. Мо дӯстдорони театрро ба нахустнамоиш даъват мекунем, - иброз дошт ӯ.
Акс аз саҳифаи фейсбукии Суҳроб Ҷанҷолов

Дар намоишнома ҳунармандони шинохта, аз қабили Моҳпайкар Ёрова, Насриддини Нуриддин, Гулбибии Абдулхайр, Қамариддин Мирзоев, Шогун Давлатбекова ва дигарон нақш меофаранд.

Коргардони “Зани оҳанин” Мирзоватан Миров зарурати ба саҳна гузоштани ин намоишномаро дар мусоҳибаи худ ба “Азия-Плюс” чунин шарҳ дод: “Имрӯз дар ҷомеаи мо хушунат нисбат ба зан, поймол кардани ҳуқуқи ӯ мавзӯи рақами як ба шумор меравад. Мо – мардуми Осиёи Марказӣ, бахусус, Тоҷикистон ба хизмати зан-модар таваҷҷуҳи кам зоҳир мекунем. Падарон ҳама ба муҳоҷират мераванд ё аз оилаи худ ҷудо мегарданд, ки баъдан таълиму тарбияи фарзандон ба зиммаи модарон вогузор мешавад. Натанҳо тарбияи фарзандон, балки пухтупаз, тозагӣ ва корҳои рӯзгор ҳама бар дӯши зан аст”.
Акс аз саҳифаи фейсбукии Суҳроб Ҷанҷолов

Вай афзуд, ки намоишномаи “Зани оҳанин” аз ин мушкилот мегӯяд. Вақте олими ҷавон “робот”-ро ихтироъ мекунад ва ӯро барои пахтачинӣ ба саҳро мебарад, ба гармии ҳаво тоб наоварда, об мешавад. Паёми намоишнома ба бинанда ҳамин аст, ки бояд ба қадри меҳнати зан-модар бирасем ва эҳтиромаш бикунем. Бо ин намоишнома гуфтан мехоҳам, ки зан-модари тоҷик аз оҳан низ сахтҷонтару пурқувваттар аст.

Хабарнигори “Азия-Плюс” аз коргардон пурсид: “Зани оҳанин”-ро солҳои пеш борҳо намоиш додаанд. Зарурати такроран ба саҳна гузоштани онро дар чӣ мебинед?

Мирзоватан Миров дар посух гуфт: “Ҳар коргардон ҳадафу мақсад ва диди худро дорад. Сабаби аз нав ба саҳна гузоштани он мушкилоти имрӯза аст, ки дар даврони шӯравӣ низ ба чашм мерасид. Яъне занҳоро ба кори саҳроӣ ҷалб мекарданд. Дар намоиш натанҳо пахтаву пахтачинӣ, балки паҳлӯҳои дигари вазъи душвори занон нишон дода мешавад. Бовар дорам, ки ба тамошобин писанд меояд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.