АНОНС

- Дар Dushanbe Serena Hotel  намоишномаи солинавии “Муъҷизаҳои назди Арчаи солинавӣ” (Чудеса у Новогодней Ёлки) доир мегардад. Барои аксбардорӣ ҷойҳои махсус омода шудааст. Арзиши билет – 180 сомонӣ. Оғоз – соати 14:00. Маълумоти муфассал бо телефонҳои: 93 199 30 23 ва 90 100 01 24.

- Маркази фароғатии кӯдаконаи «Алладин» кӯдакону наврасонро ба барномаи солинавии “Саргузаштҳои солинавии Барфак” (Новогодние приключения Снегурочки) даъват мекунад. Арзиши билет – 170 сомонӣ. Оғоз  – соати 18:00.

- Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба Рӯзҳои дарҳои кушода даъват мекунад. Рӯзҳо дар толорҳои намоишгоҳи Иттифоқ то 21-уми декабр аз соати 10:00 то 17:00 баргузор мешаванд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6918 сомонӣ;

1 евро – 10.7821 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1545 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ

1994 – Дар Ҷамъияти саҳҳомии «Бодом» (Конибодом, вилояти Суғд) нахустин велосипеди Тоҷикистон истеҳсол шуд.

2001 – Ифтитоҳи сафоратхонаи Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон.

2002 – Вазорати адлияи ҶТ ба Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирӣ шаҳодатнома дод.

2018 – Ӯзбекистон шартномаи шарикии стратегӣ бо Тоҷикистонро тасдиқ кард.

ЗОДРӮЗ

1915-2000 – Зодрӯзи арбоби давлатӣ Назаршо Додхудоев. Солҳои гуногун ӯ ба ҳайси раиси Президиуми Шӯрои Олӣ, раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

1915 – Мавлуди олими соҳаи байторӣ, арбоби давлатӣ, академики АУ ҶТ, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон Ғулом Алиев.

1924 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, Арбоби шоистаи Тоҷикистон, муассис ва нахустин директори Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак, профессор Саъдинисо Ҳакимова.

1925 – Мавлуди олими соҳаи тиб, муассис ва нахустин директори Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Академияи улуми ҶТ, академик Ҳамид Мансуров.

1931-2011 – Зодрӯзи академик Ҳайдар Чумонқулов.

1933 – Мавлуди нависанда, муаллифи китобҳои «Каменный мост», «Под синим небом», «Эхо» Бобо Насриддинов.

1939 – Зодрӯзи собиқадори бахши маориф, корманди илмии Пажуҳишгоҳи педагогикаи ҶТ Азиз Ҳафизов.

1945 – Мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Айюбӣ.

1946 – Зодрӯзи арбоби маъруфи давлатии Тоҷикистон Амиршо Миралиев.

1948 – Мавлуди ихтироъкор Абдуқаҳҳор Раҳимов.

1958 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Лутфулло Давлатов.


1967 – Зодрӯзи ҳунарпеша-басаҳнагузоранда Ҷобиршо Хубоншоев.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйӣ. Ҳадаф – ягонагии эътиқоду амал, кумаку дастгирии ҳамдигар, умумияти манфиатҳо ва зарурати ноил гардидан ба ҳадафҳои умумии дастаҷамъӣ, масъулияти муштарак.


ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 12-17м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона 5+10° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 8-13° хунук, рӯзона -4+1°, дар шарқи вилоят шабона 20-25° хунук, рӯзона 7-12° хунук.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 8+13° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 10+12° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 12-17м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 7+9° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 11+13° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 8-10° хунук, рӯзона -1+1° мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.