Низоми пардохтии “Вестерн Юнион” бо иҷрои талаботи қонунгузории Тоҷикистон ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст шуда, фаъолияти худро дар кишвар барқарор кард.

Тавре шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад, ҳамакнун шаҳрвандони ҷумҳурӣ имкон пайдо карданд, ки аз 23-юми декабри соли 2019 маблағҳои аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон интиқолшударо аз ташкилотҳои қарзии кишвар дастрас намоянд.

Гуфта мешавад, сараввал низоми мазкур фаъолияташро бо ҶСП “Бонки Арванд” оғоз мекунад.

“Сипас марҳила ба марҳила дар давоми як ҳафта ҳамаи ташкилотҳои қарзие, ки бо низоми мазкур ҳамкорӣ доштанд, ба он пайваст мешаванд”, - омадааст дар хабар.

Зикр мешавад, ки интиқоли маблағ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар тавассути низоми пардохтии “Вестерн Юнион” дар рӯзҳои наздик имконпазир мегардад.

“Вобаста ба ин БМТ иловатан хабар медиҳад”, - таъкид мешавад дар маълумот.

Ёдрас мекунем, ки аз 3-юми декабр Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоб оғоз бахшид.

То ин замон интиқоли маблағ танҳо тавассути низомҳои “Юнистрим” ва “Контакт” имконпазир буд. Қаблан Бонки миллӣ хабар дода буд, ки бо дигар низомҳо низ гуфтушунид ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.