Қисмати даромади буҷети шаҳри Душанбе дар соли оянда беш аз 3,5% меафзояд.

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 23-юми декабр иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ медиҳад, дар иҷлосия буҷети шаҳр барои соли 2020 тасдиқ шуд. Дар соли оянда қисмати даромади буҷет 3 млрд. 150 млн. сомониро ташкил хоҳад дод, ки дар муқоиса бо соли 2019 қариб 107 миллиону 495 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст.

Дар иҷлосия маълумот дода шуд, ки соли равон дар шаҳри Душанбе  62 адад корхонаю коргоҳҳои нави истеҳсолӣ  бо фарогирии  810 адад ҷойҳои корӣ таъсис дода шуданд.

Гуфта мешавад, Рустами Эмомалӣ ба вакилон изҳори сипос карда, афзудааст, ки дар оғози соли нави 2020-ум дар кишвар як зумра чорабиниҳо, махсусан маъракаи сиёсии интихоботӣ гузаронида мешавад. Вай изҳори бовар кардааст, ки дар ин давра низ фаъолияти вакилон содиқона ва танҳо барои таъмини волоияти қонун, якдилӣ ва ҳамраъйии сокинони пойтахт равона мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.