Портали сайёҳии ТурСтат раддабандии баландтарин арчаҳои асосии пойтахти кишварҳои ИДМ-ро дар Соли нави 2020 нашр кард.

Баландтарин арчаи солинавӣ байни кишварҳои ИДМ дар Ашқобод гузошта шудааст – 40 метр. Он дар майдони назди маркази фарҳангию фароғатии "Älem" (олма) қомат афрохта, 15-уми декабри соли 2019 фурӯзон шуд.

Ашқобод
Сурат: Fergana.agency

Дар зинаи дуюм пойтахти Арманистон – шаҳри Ереван қарор дошта, баландии арчаи солинавии он дар Майдони Ҷумҳурият ба 37 метр мерасад. Чароғҳои он 21-уми декабр фурӯзон шуданд.

Ереван
Сурат: PanArmenian

Дар идома шаҳри Тошканд зикр мешавад, ки арчаи солинавии он дар кӯчаи Истиқлол, назди Китобхонаи миллии ба номи Навоӣ 36 метр баландӣ дошта, чароғҳои онро 10-уми декабр даргиронданд.

Тошканд
Сурат: Afisha.uz

Арчаи солинавии Озарбойҷон бо баландии 34 метр дар майдони Азнефт дар шаҳри Боку қомат афрохтааст.

Боку
Сурат: Oxu.az

Баландии арчаи асосии Беларус дар майдони Октябри шаҳри Минск 30 метр буда, чароғҳояш 14-уми декабр фурӯзон шуд.

Минск
Сурат: Soyuz.by

Пас аз Минск пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст, ки арчаи солинавии он 29 метр баландӣ дошта, аз арчаи асосии солинавии Русия дар Майдони Сурхи Маскав (27 метр) баландтар аст.

Маскав
Сурат: РИА Новости

Қобили зикр аст, ки арчаи асосии солинавии Русия ягона арчаи зинда дар пойтахтҳои кишварҳои узви ИДМ мебошад, ки дарахти он аз ҳавзаи Можайск бурида шуда, дар вазъи тантанавӣ 24-уми декабр чароғҳояш фурӯзон мешавад.

Арчаи солинавии Қирғизистон дар майдони “Ала-тоо”-и шаҳри Бишкек низ 27 метр баландӣ дошта, рӯзи 13-уми декабр чароғу бозичаҳояш фурӯзон шуданд.

Бишкек
Сурат: FOR.kg

Дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нур-Султон арчаи солинавӣ дар қаламрави намоишгоҳи ЭКСПО-2017, дар назди гӯшаи "Нур Алем" гузошта шуда, 25 метр аст.

Нур-Султон
Сурат liter.kz

Арчаи пасттарин миёни кишварҳои узви ИДМ дар пойтахти Молдова – Кишинёв гузошта шуда, 20 метр аст. Он дар майдони Маҷлиси бузурги миллӣ қомат афрохта, 1-уми декабр ботантана фурӯзон шуд.

Кишинёв
Сурат: Sputnik Молдова

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.