АНОНС

- Дар Театри опера ва балет намоишномаҳои солинавии русӣ ҷараён доранд. Оғози намоишномаҳо соати 10:00 ва 12:00.

- Дар “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз ба итмом мерасад. Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои истеҳсолӣ ва фаъолони иқтисодии Эрон дар бахшҳои истеҳсолӣ, саноати хӯрокворӣ, беҳдошту дармон, мошинолоти кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, қолин ва таҷҳизоти манзил, сайёҳӣ ва ғайра иштирок доранд.

- Аз соати 9:00 то 16:00 метавон дар маҷмааи кӯҳии лижаронӣ ва сайёҳии “Сафед-Дара” истироҳат кард. Он ҷо Шуморо Бобои Барфӣ ва Барфак, арча ва барф интизор аст. Арзиши билет барои кӯдакон: 150 сомонӣ (рӯзҳои корӣ), 200 сомонӣ (рӯзҳои истироҳат). Нархи билет барои калонсолон: 100 сомонӣ (рӯзҳои корӣ) ва 150 сомонӣ (рӯзҳои истироҳат). Билетҳоро бо телефонҳои зерин метавон фармоиш дод: 44 601 30 30 ва 88 888 01 78.

 - Агар донистанӣ бошед, ки дар ин ҳафта чӣ гуна чорабиниҳои солинавӣ баргузор мешаванд, ба эълони мо назар андозед.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6918 сомонӣ;

1 евро – 10.7395 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1551 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1962 – Агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд дар дарёи Вахш ба истифода дода шуд.


1932 – Сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа ба итмом расид. Айни замон дар ин роҳ корҳои таъмиру навсозӣ ҷараён доранд, ки БОР ба он 90 млн. доллар ҷудо кард. Чанде пеш парлумони Тоҷикистон ҷалби сармоя аз Ҷопонро барои таҷдиди қисмате аз ин роҳ маъқул шуморид.


1934 – Зодрӯзи олим Муҳаммадалӣ Мадиброҳимов.

1942 – Мавлуди Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Ҷӯрабек Муродов

1943 – Зодрӯзи забоншинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҳуснигул Талбакова.

1957 – Мавлуди доктори улуми бахши байторӣ, профессор Иззатулло Сатторӣ.

1961 – Зодрӯзи журналист Набӣ Набизод.

1962 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳаётой Мӯъминова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти суст (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 12-17м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ боришоти суст (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4°, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо боришоти суст (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 1-6° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-10 хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар шарқи вилоят шабона ҳарорати ҳаво 14-19° хунук, (дар мавзеи Булункул то то 24-26 хунук) рӯзона 5-10° хунук. дар баъзе ноҳияҳо то 10-15° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои қисман абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти суст (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 9+14° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-10 хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 11+13° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назарррас (0-0,5мм), тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 12-17м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 4+6° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 12+14° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришоти суст (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2-4° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.