Дар шаҳри Хуҷанд 109 нафар шахсони воқеъӣ ва мансабдор барои риоя накардани муқаррароти партов ба маблағи умумии 64775 сомонӣ ҷарима бастаанд.

Дафтари матбуоти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати риоя накардани қонунгузориҳо дар самти партов нисбат ба 109 нафар мутобиқи моддаҳои 220 (Иҷро накардани амрномаю қарорҳои мақомоти назорати ҳифзи муҳити зист ва истифодаи муҳити табиӣ), 223 (Риоя накардани стандартҳо, қоидаҳо, меъёрҳо, дастурамалҳову дигар талаботи экологии ҳифзи муҳити зист ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ), 232 (Риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҳамлу нақл, ҷойгиркунӣ, истифода, нест кардан (гӯронидан)-и партовҳои саноатию маишӣ ва дигар партовҳо), 238 (Истифодаи захираҳои табиӣ бе иҷозати махсус), 239 (Риоя накардани талаботи экологӣ ҳангоми нигоҳ доштан, интиқол додан, истифода бурдан, безарар гардонидан ва гӯронидани партовҳои саноатии токсигенӣ ва партовҳои истеҳсолию истеъмолӣ) протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Сипас ин шахсонро ба маблағи 64775 сомонӣ ҷарима бастаанд, ки аз он 41570 сомонӣ ба таври ихтиёрӣ супорида шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд партовҳоро бо истифода аз 31 адад техникаҳои махсус дар се баст ба партовгоҳи умумишаҳрӣ мебароранд.

Ҳамзамон дар миқёси шаҳр ҳамагӣ 175 адад нуқтаи муваққатии партов мавҷуд буда, дар онҳо зиёда аз 900 адад қуттиҳои махсуси оҳанини партов мавҷуд аст. Инчунин дар корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, донишкадаҳо, коллеҷҳо, дармонгоҳҳо, беморхонаҳо, марказҳои савдо беш аз 1200 адад қуттиҳои махсуси оҳанин таъмин карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.