Лоиҳаи ифтитоҳи Маркази миллии касбу ҳунарҳои иттиҳодияи ҷамъиятии “Рушди эҷодии Тоҷикистон”​​​ аз ҷониби шаҳрдории Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва шарикони рушд дастгирӣ шудааст.

Дар марказ дарсхонаҳои захиравӣ, устохонаҳои косибону ҳунармандон, гӯша барои баргузории машғулиятҳо оид ба пухтани таъомҳои миллӣ амал хоҳад кард.

Дар ин ҷо галерея бо хушсифаттарин маҳсули дастони устоҳо аз тамоми минтақаҳои кишвар ҷойгир мешавад.


Имрӯзҳо дар ҳамдастӣ бо сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва бо ҷалби устоҳои ҳиндӣ дар ин марказ оид ба нақшу қолибзанӣ машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

1/6

Маросими ифтитоҳи марказ имрӯз соати 16:00 доир мегардад. Суроға: кӯч. Навободи Поён, 37/1 (паҳлӯи Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ, макони собиқ муҷассамаи Сино). Биёед, аз омаданатон хурсанд хоҳанд шуд!  

Маълумоти муфассал бо телефонҳои: 939010990 ва 938848488.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.