АНОНС

- Дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо паёми ҳамасолаи худ дар “Кохи Сомон” суханронӣ мекунад.

Акс аз бойгонӣ

- Дар Театри опера ва балет намоишномаҳои солинавӣ барои кӯдакон ҷараён доранд. Оғози намоишномаҳо соати 10:00 ва 12:00.

- Аз соати 9:00 то 16:00 метавон дар маҷмааи кӯҳии лижаронӣ ва сайёҳии “Сафед-Дара” истироҳат кард. Он ҷо шуморо Бобои Барфӣ ва Барфак, арча ва барф интизор аст. Арзиши чипта барои кӯдакон: 150 сомонӣ (рӯзҳои корӣ), 200 сомонӣ (рӯзҳои истироҳат). Нархи чипта барои калонсолон: 100 сомонӣ (рӯзҳои корӣ) ва 150 сомонӣ (рӯзҳои истироҳат). Билетҳоро бо телефонҳои зерин метавон фармоиш дод: 44 601 30 30 ва 88 888 01 78.

- Агар донистанӣ бошед, ки дар ин ҳафта чӣ гуна чорабиниҳои солинавӣ баргузор мешаванд, ба эълони мо назар андозед.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6958 сомонӣ;

1 евро – 10.7652 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1566 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1825 – Гирдиҳамоии декабристон дар майдони Сенат.

2007 – Бинои корпуси асосии Донишгоҳои давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба коми оташ рафт.

2018 – Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”-ро дастгирӣ кард. Минбаъд ҳамаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бояд дар интернет сомонаи худро дошта бошанд.

1926-1996 – Зодрӯзи тарҷумон Шамсӣ Собир.

1935-2000 – Мавлуди олим Зулфиқор Абдусатторов.

1956 – Зодрӯзи коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назарррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8° хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4°, рӯзона 8+13° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 4-9 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 11-13 хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар шарқи вилоят шабона 21-26° хунук, (дар мавзеи Булункул то 33-35 хунук), рӯзона 5-10° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 11+16° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 9-11 хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 14+16° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назарррас (0-0,5мм), тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 12-17м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 14+16° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 5-7° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.