АНОНС

- Имрӯз дар майдони асосии шаҳри Душанбе бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик барномаи солинавӣ доир мегардад. Оғоз соати 20.00.

- Дар робита ба ҷашни Соли нав ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ аз Хонаи матбуот (Дом печати) то Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) ва кӯчаҳои ҳамшафати он, ҳамчунин дар кӯчаи Сино дар мавзеи Прокуратураи генералӣ, ки арча гузошта шудааст, манъ мешавад. Роҳҳо аз соати 16.00 то 24.00 баста мешаванд.


- Маҷмаии кӯҳии лижаронӣ ва сайёҳии “Сафед-Дара” ҳамаи хоҳишмандонро ба ҷашни солинавӣ даъват мекунад. Он ҷо Шуморо Бобои Барфӣ ва Барфак, арча ва барф интизор аст. Муфассалтар бо телефонҳои 44 601 30 30 ва 88 888 01 78.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.6872 сомонӣ;

1 евро – 10.8448 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ - 0.1560 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1930 – Дар Душанбе таъминот бо об аз қубурҳо (водопровод) оғоз шуд.

1936 – Навбати аввали нерӯгоҳи обиву барқии «Варзоб» ба истифода дода шуд.


1940 – Ифтитоҳи нахустин омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ (феълан №28) дар Душанбе.

1996 – Дар Хусдеҳи Афғонистон президенти ҶТ Э.Раҳмонов ва пешвои ИНОТ С.А.Нурӣ Протокол дар бораи қатъи амалиёти низомӣ дар минтақаи Қаротегину Тавилдараро ба имзо расониданд.

1908-1997 – Зодрӯзи олими таърихшинос, академики АИ Иттиҳоди Шӯравӣ, директори Пажуҳишгоҳи шарқшиносии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ (солҳои 1956-1977), арбоби давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров.

1923-2007 – Мавлуди доктори улуми иқтисод, профессор, арбоби давлатӣ Рустамбек Юсуфбеков.

1934 – Зодрӯзи актрисаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фотима Ғуломова.

Фотима Ғуломова бо писараш Барзу Абдураззоқов

1947 – Мавлуди доктори улуми филология, профессор Саидқул Сабзаев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои қисман абрнок дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борон (дар баландиҳои зиёда аз 1200м барф) борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 8+13° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4°, рӯзона 2+7° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 6-11 хунук, рӯзона -2+3°, дар шарқи вилоят шабона ҳарорати ҳаво 15-20° хунук, (дар мавзеи Булункул 28-30° хунук), рӯзона ҳарорати ҳаво 3-8° хунук, (дар мавзеи Булункул 12-14° хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф) дар баъзе ноҳияҳо бошҳиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3, дар баъзе ноияо то 5-7° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе —  Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолатҳо борон борида, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2+4° гарм, рӯзона 7+9° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, шабона барфи тар) ба амал омада, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 4+6° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар —   Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолатҳо борони суст борида, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2+4° гарм, рӯзона 10+12° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 6-8° хунук, рӯзона 0+2° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.