Тӯли сол мо шахсонеро мушоҳида кардем, ки ягон рафтори ғайриоддие карданд ва ё беҳтар аз дигарон буданду ба саҳифаи таърих ворид шуда метавонанд.

Ёқуб Ҳалимов

Яке аз ин шахсон рӯзноманигор Ёқуб Ҳалимов бо таҳқиқоти худ натаҳо тоҷикистониён, балки ҷомеаи журналистии Осиёи Марказиро дар ҳайрат гузошт. Ӯ таҳқиқоти журналистӣ гузаронида, гӯё кори муқаррарии худро иҷро кард, яъне далелҳоеро собит намуд, ки аз он ҳама огоҳ буданд. Аммо ба гуфтаи ҳамкоронаш, “дар шароити воқеии Тоҷикистон ин қариб ғайриимкон буд”.

Вай дар маводи таҳқиқотии худ таҳти унвони “Хонаҳои Бег Сабур” дар бораи чӣ гуна аз ҳуҷраи корӣ ба фурӯши хонаҳо машғул будани сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ба писари ин мансабдор тааллуқ доштани ширкати хонасоз, дар фурӯши хонаҳо иштирок кардани кормандони зертобеъи ӯ маълумот додааст.

Ёқуб Ҳалимов

Таҳқиқоти журналистӣ хеле асоснок ва саҳеҳ анҷом дода шудааст, аз ин рӯ, касе ҷуръат накардааст, ки маълумоти нашршударо рад ё аз болои он ба додгоҳ шикоят барад. Ин матлаб дар бахши “Ҳокимият ва ҷомеа”-и озмуни MediaCAMP Award байни чаҳоор кишвари Осиёи Марказӣ беҳтарин дониста шуд. Ҳакамони озмун ин бахшро душвортарин арзёбӣ карданд.

Фарҳод Юлдошев

Соҳибкор аз Суғд бо рафтори худ тоҷикистониёнро аз ҳама бештар дар ҳайрат гузошт. Гап сари он аст, ки кормандони хадамоти андоз аз соҳибкор дар як моҳ 500 доллар “ҳақ” (доля) талаб карда, ӯ ҳамаро аз ин амали ғайриқонуниашон огоҳ кард.

Фарҳод Юлдошев дар Facebook акси эълонеро нашр кард, ки соҳибкор аз шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар даромадгоҳи маркази хизматрасонии худ овехтааст: “Фурӯхта мешавад. Корманди андоз Ҳусейнов Бедил 500 доллар моҳона “доля” талаб дорад”.


Сардори нозироти андози шаҳри Бӯстон Бедил Ҳусейнов дар мусоҳиба бо “Азия-Плюс”ҳамаи иттиҳомотро рад кард. Вай изҳор дошт, ки ҳамаи гуфтаҳои мазкур дурӯғ буда, ӯ Фарҳод Юлдошевро шахсан намешиносад. Аммо ба гуфтаи Фарҳод, ӯ сабти овозие дорад, ки дар он сардор “доля” талаб мекунад.

Адолат Сайфуллоева

Рафтори сардабири ҳафтаномаи “Тахти Қубод”, нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён Адолат Сайфуллозода низ таваҷҷуҳи тоҷикистониён, бахусус, ҷомеаи рӯзноманигоронро ҷалб кард. Ин бори нахуст дар Тоҷикистон аст, ки саҳифаи аввали нашрияи давлатӣ холӣ чоп мешавад (солҳои қабл расонаҳои хусусӣ ба чунин амал даст зада буданд).

Адолат Сайфуллозода

Гап сари он аст, ки саҳифаи аввали ҳафтаномаи “Тахти Қубодро ӯ рӯзи 20-уми декабр ба нишони эътироз холӣ чоп кард. Дар саҳифаи дуюми ин шумораи нашрия Адолат Сайфуллозода навиштааст: “Дар таърихи матбуоти тоҷик, бори аввал набошад ҳам, шояд дафъаи дуюм аст, ки сармуҳаррир бо идеяи наву тоза саҳифаеро оинасон пешорӯят холӣ мегузорад, то битавонӣ чеҳраи пуртаровату пурнур ё пажмурдаву пурожанги худро бубинӣ!”

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.