ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6910 сомонӣ;

1 евро – 10.8820 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1556 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1925 — Дар ҳайати ҶШСА Тоҷикистон бо Фармони КИМ ИҶШС вилояти Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд.

2019 — Президент дар бораи эълони солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” фармон ба имзо расонид.

1940 — Зодрӯзи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, сарбалетмейстери театри опера ва балет Сталина Азаматова.

1942 — Зодрӯзи сароянда, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Нуқра Раҳматова.

1946 — Зодрӯзи шоир Доро Наҷот.

1950 — Зодрӯзи Халифабобо Ҳамидов, собиқ вазири адлияи Тоҷикистон.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои қисман абрнок, дар нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 8+13° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4°, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои қисман абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 0-5 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 7-9° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 20-25 хунук, рӯзона 3-8° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-10 хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1, дар баъзе ноҳияҳо то 1-6 хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои қисман абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои қисман абрнок, дар нимаи дуюми рӯз дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2+4° гарм, рӯзона 11+13° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои қисман абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2-4° хунук, рӯзона 0+2° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.