АНОНС

Дар ин рӯз баргузории чорабиниҳои муҳим ба нақша гирифта нашудааст.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ, ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6883 сомонӣ;

1 евро – 10.8393 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1565 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1989 — Дар рӯзномаи шӯравии «Известия» бори нахуст рекламаи тиҷоратӣ чоп карда шуд.

1995 — Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки шумори гирифторони ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) дар ҷаҳон аз 1 млн. зиёд шуд.

2004 — Прокуратураи генералиии кишвар ба ҳафтавори «Рӯзи нав» огоҳӣ фиристод, то ки аз чопи маводи пастзанандаи шаъну эътибори президент ва ҳукумат худдорӣ варзад.

1891 — Зодрӯзи ҳунарманд-наққош, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Мирзораҳмат Алимов.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

57 сол пеш парвози аввалини ҳавопаймои Ил-62 дар Иттиҳоди Шӯравӣ доир гардид. Ил-62 то 60 ҷойи нишаст ба масофаи 10 000 км парвоз карда метавонист.

Ил-62
Сурат: ТАСС

61 сол пеш Аляска ба мақоми штати 49-уми ИМА бо калонтарини қаламрав соҳиб шуд. Барои фурӯши Аляска бо масоҳати наздики 700 км ба ИМА Русия 7 миллиону 200 ҳазор доллар маблағ гирифт.

Аляска имрӯз
Сурат: RSB Travel | Tours & Travel

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борон борида, (шабона дар баландиҳои зиёда аз 1200м барф) борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 8+13° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3°, рӯзона 2+7° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона аз 1-6 то 7-12 хунук, рӯзона -2+3°, дар шарқи вилоят шабона аз 14-19 то 19-24° хунук, рӯзона аз 3-8 то 7-12° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф) дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бошиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе —  Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолатҳо борон борида, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 7+9° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолатҳо борон борида, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 4+6° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолатҳо борони суст борида, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 3+5° гарм, рӯзона 10+12° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 3-5° хунук, рӯзона 1+3° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.