Баҳори соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон баргузории Аввалин синамоҷашни байнулмилалӣ таҳти унвони “Душанбе” дар назар аст.

Дар ин бора дар торнамои расмии синамоҷашни “Душанбе” – www.dushanbeiff.tj хабар дода мешавад, ки аллакай фаъол аст.

Дар ин ҷашнвораи синамо филмҳои кишварҳои узви ИДМ ва СҲШ, ҳамчунин бародаршаҳрҳои Душанбе намоиш дода мешаванд. Муассисони ҷашнвора ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти шаҳрдории пойтахт буда, баргузоркунандаи он Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" мебошад.

Ҷашнвораи синамои “Душанбе” ҳар ду сол панҷ рӯз идома ёфта, рӯзи шанбеи ҳафтаи сеюми моҳи апрел ҷамъбаст карда мешавад.

Мувофиқи қоидаҳои ҷашнвора, филмҳои озмунӣ (то 20 филм) бар асоси Низомномаи ҷашнвора, дар бахшҳои Озмуни байнулмилалии филмҳо ва Озмуни дастовардҳои беҳтарини кинои миллӣ (то 20 филм) интихоб мешаванд.

Ба филмҳои озмунӣ ҳайати ҳакамони иборат аз мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ баҳогузорӣ мекунанд. Ҳамчунин дар доираи ҷашнвора баргузории мизҳои гирд ва машғулиятҳои касбӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аввалин Синамоҷашнвораи байнулмилалии "Душанбе" аз 13 то 18 апрел доир шуда, қабули дархостҳо барои иштирок аз 1-уми март оғоз мешавад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон дар ду сол як маротиба ҷашнвораи “Дидор” баргузор мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.