Ҷасади фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ генерал Қосим Сулаймонӣ дар зодгоҳаш шаҳри Кирмон ба хок супурда шуд. Дар ин бора шабакаи телевизиони CNN хабар медиҳад.

Ҷасади генерал баъди чанд соате пас аз зарбаҳои мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба пойгоҳҳои низомии ИМА дар Ироқ гӯронида шуд.

Тавре Медуза менависад, дафни ҷасади Сулаймонӣ рӯзи 7-уми январ пешбинӣ шуда буд, лекин маросими дафн пас аз фавти 56 нафар ва осеби 200 тан дар издиҳоми зиёди ҷамъшуда ба таъхир афтод.

Ба маросими дафн, ки хабаргузории Ruptly мустақиман гузориш дод, садҳо нафар ҳозир шуданд. Тибқи иттилои ISNA, ҳангоми ба хок супурдани ҷасади генерал нидоҳои “Марг ба Амрико!” садо доданд.

Генерал Сулаймонӣ аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишини ИМА шаби 3-юми январ дар Бағдод кушта шуд. Фармони ҳамларо шахсан президент Доналд Трамп додааст. Ироқ посух ба ҳамларо ваъда дода, ба хуруҷи нерӯҳои низомии ИМА аз минтақа изҳори омодагӣ кард. Эрон низ бо “интиқоми сахт” таҳдид кард.

Дар посух ба ин куштор рӯзи 8-уми январ Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ба якчанд иншооти низомиёни ИМА дар Ироқ, аз ҷумла пойгоҳи низомии авиатсионии Айн-ул-Асад дар ғарби кишвар ва фурудгоҳ дар Арбил ҳамлаи мушакӣ анҷом дод.

Баъдан телевизиони давлатии Эрон дар бораи 80 нафар низомиёни кушташудаи ИМА хабар дод. Қурбониёни ҳамларо дар гузориши телевизионӣ “террористони амрикоӣ” ном бурданд.

Дар Вазорати дифои ИМА ин маълумотро шарҳ надоданд, аммо қаблан ҳам дар бораи кушташудагон иттилоот нарасида буд.

Президенти ИМА Доналд Трамп ваъда дода буд, ки ба ҳама гуна амалҳои таҳдидомез нисбат ба Вашингтон фавран вокуниш хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.