Сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳор медорад, ки маълумот дар бораи ҳалокати шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хобгоҳи коргарони сохтмон дар ноҳияи Раменскои вилояти Маскав асоси воқеӣ надорад.

Намояндагии дипломатии Душанбе дар Маскав иттилоъ медиҳад, ки маълумоти нашршуда дар чанде аз ВАО-и Русия  дар бораи ҳалокат ва осеби шаҳрвандони Тоҷикистон зимни сӯхтор нодуруст аст.

Кормандони масъули сафоратхонаи Тоҷикистон, ки аз маҳалли ҳодиса боздид карданд, мегӯянд, ки ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 7-уми январ бар асари сӯхтор дар хобгоҳи коргарони сохтмон дар ноҳияи Раменскои вилояти Маскав 8 нафар ба ҳалокат расида, боз 1 нафари дигар бо захмҳо дар бемористон бистарӣ шуд.

Дар ин ҳодиса 8 шаҳрванди Ветнам – 7 марду як зан қурбонии сӯхтор шуданд. Аз мақомоти дахлдор хабар додаанд, ки замони сар задани сӯхтор онҳо хоб буда, берун баромада натавонистанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.