АНОНС
- Имрӯз дар шаҳри Душанбе автобуси нави мусофирбари №20 ба равуо шурӯъ мекунад. Нуқтаҳои охири хатсайри нави автобус маҳаллаи Пахтакор – собиқ мағозаи «Волга» (ДОК) таъин шудааст.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 9.6953 сомонӣ;
1 евро – 10.8297 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1555 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1656 – Интишори шумораи нахустини яке аз нашрияҳои дар имрӯз қадимтарини газетаи «Oprechte Haartemsche Courant» дар шаҳри Харлеми Ҳолланд.
1915 – Зодрӯзи ҳунарманди театру кино, Ҳунарманди халқии ИҶШС Аслӣ Бурҳонов – нахустин тоҷике, ки нақши В.И. Ленинро офаридааст.
РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ
169 сол пеш мутахассиси соҳаи физика Жан Фуко ба туфайли дастгоҳи сохтааш далел ба даст овард, ки Замин чарх мезанад.
63 сол пеш Бобби Фишер дар синни 13-солагӣ ба гирифтани унвони чемпиони ИМА оид ба шоҳмот ноил гардид.
Бо суроғаи зерин дар бораи чаро дар Тоҷикистон мавҷуд будани ҳамагӣ як гроссмейстери шоҳмот - Фаррух Амонатов маълумоти муафассал дарёфт карда метавонед. Қаблан дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” ӯ дар бораи чӣ чораҳо андешидан барои таблиғи шоҳмот дар Тоҷикистон изҳори назар кард.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳар дар баъзе ноҳияҳо барфи суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -4+1°, рӯзона 0+5° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), танҳо шабона дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳӣ барфи суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -4+1°, рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.
Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 8-13° хунук, рӯзона 0-5° хунук, дар шарқи вилоят шабона 21-26° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 29-34° хунук, рӯзона 9-14° хунук мешавад.
Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳар дар баъзе ноҳияҳо барфи суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 7-12° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳар баъзан ҳолатҳо барфи суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳар дар баъзе ҳолатҳо барфи суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 2+4° гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 8+10° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 10-12° хунук, рӯзона 2-4° хунук мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.