Ҳиссаи муҳоҷирон, ки дар соҳаҳои сохтмон, бахши кишоварзӣ, савдо ва нақлиёт кор мекарданд, имсол кам мешавад. Дар ин бора Российская газета хабар медиҳад.

Ҳамин тариқ, ба муҳоҷирон кор дар иншооти муваққатии савдо ва бозорҳо, дорухонаҳо, тиҷорати берун аз мағоза, хайма ва бозорҳо манъ шудааст.

Барои савдои машрубот ва тамоку дар мағозаҳои махсус ба муҳоҷирон иҷоза шуда, лекин маҳдудиятҳо ҷой доранд: шумори онҳо набояд бештар аз 15% аз теъдоди умумии кормандони ташкилот бошад.

Дар “фаъолияти соҳаи варзиш” ҳиссаи муҳоҷирон набояд бештар аз 25% ва қариб ҳамин миқдор – 26% дар корхонаҳои нақлиёти заминии мусофирбар ва автомобилии боркаш пешбинӣ шудааст.

Дар бахши сохтмон ва парвариши сабзавот низ барои кори шаҳрвандони хориҷӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ шудааст.

Ҳамин тавр, дар сохтмон ҳиссаи иҷозашудаи муҳоҷирон – 80% (ба истиснои Бурятия, вилояти Амур ва Маскав, ки барои кирои муҳоҷирон дар ин ҷойҳо маҳдудият вуҷуд надорад) ва дар Доғистон – 50% муқаррар шудааст.

Корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ барои парвариши сабзавот то 50% аз шумори умумии кормандон хориҷиёнро киро карда метавонанд.

Ҳамчунин имсол квота барои ҷалби “муҳоҷирони дорои раводид” кам шудааст. Онҳоро бо шумори на бештар аз 104 ҳазор нафар метавон барои кор ба Русия даъват кард. Соли гузашта квота 40 ҳазор адад бештар буд.

Ёдрас мекунем, ки муҳоҷирони бераводид бидуни квота ба Русия ба кор мераванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.